Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА артиши Мянмарро дар “саркӯби бераҳмона”-и эътирозгарон муттаҳам кард


Мянмар
Мянмар

ИМА артиши Мянмарро дар «саркӯби бераҳмонаи эътирозгарони сулҳомез” айбдор кард. Ин дар ҳолест, ки дар фазои саркӯбҳои афзоишёбанда ва истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарон бисёриҳо шаҳри Рангунро тарк мекунанд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 16-уми март, зимни боздид аз Токио низомиёни ғасбкардаи қудрат дар Мянмарро барои саркӯби маргбори эътирозгарон, ки танҳо ду рӯз пеш 74 кушта бар ҷой гузоштааст, маҳкум намуд. Ӯ гуфт:

“Дар Мянмар низомиён талош доранд, ки натиҷаҳои интихоботи демокртиро бекор карда эътирозгарони сулҳомезро бераҳмона саркӯб мекунанд”.

Баъди он ки моҳи феврал низомиён қудратро дар ин кишвари воқеъ дар Осиёи Ҷанубушарқӣ ишғол ва раҳбари мадании он Аун Сан Суҷиро бо иттиҳоми, ба гуфтаи тарафдоронаш, сохтакоришуда ба ҳабс гирифтанд, Мянмар бо эътирозҳои давомдор рӯбарӯ шудааст. Аун Сан Суҷиро дар истифодаи ғайриқонунии дастгоҳҳои мухобиротӣ, вайрон кардани қонуни маҳдудиятҳои коронавирус, нақзи қонуни мухобирот ва ҳам талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор мекунанд. Мақомоти низомӣ ҳамчунин ӯро барои аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани 600 ҳазор доллар маблағ ва ҳаҷми калони тилло муттаҳам мекунанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки Сансуҷӣ озод ва ҳукумати маданӣ барқарор шавад. Мақомот даст ба ҳабси дигарандешон задаанд. Дар саркӯбҳои чанд ҳафтаи ахир дар Мянмар 140 эътирозгар кушта шудааст, мегӯяд Анҷумани кӯмак ба зиндониҳои сиёсӣ.

Баъди он ки дар Рангун қонуни ҷанг ҷорӣ шуд, бисёр сокинонаш талош доранд аз ин ҷо фирор кунанд.

Ҳаводиси Мянмарро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуд, вале низомиёни қудратро ғасбкарда то ҳол ҳеҷ аломате нишон надоданд, ки дар фикри худдорӣ аз хушунатҳо ҳастанд.

Чин рӯзи 16-уми март аз ширкатҳои давлатии худ хост, ки кормандони дуюмдараҷаро аз кишвар берун оранд, чун рӯзҳои истироҳати гузашта даҳҳо корхонаҳои чинӣ дар саросари Мянмар мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Пекин гуфтааст, ки аз вазъи баамаломада “бисёр нигарон” аст, вале бисёр эътирозгарон бовар доранд, ки Чин ба ташкили кудато мусоидат кардааст.

XS
SM
MD
LG