Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот барои таҷлили ишғоли нимҷазираи Қрим маҳдудиятҳои коронавирусро сабук карданд


Соли 2017. Корҳои барқарорсозии қасри "Боғчасарой", ки замоне қароргоҳи хони Қрим будааст
Соли 2017. Корҳои барқарорсозии қасри "Боғчасарой", ки замоне қароргоҳи хони Қрим будааст

Мақомот дар Қрими таҳти назорати Русия ба хотири таҷлил аз ҳафтумин солгарди ишғоли нимҷазираи украинӣ маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабук карданд. Сергей Аксенов, раҳбари аз Маскав таъиншудаи Қрим рӯзи 15-уми март қарореро имзо кард, ки бар асоси он баргузории маъракаҳои ҷашнӣ иҷоза дода мешавад. Матни қарор дар вебсайти ҳукумати ишғолгар гузошта шудааст. Бар асоси ин санад, рӯзи 18-уми март дар ин минтақа маросимҳое бо иштироки гуруӯҳои рӯ ба Кремлини мисли маҳфили байкерҳои “Гургҳои шаб” барпо мешаванд. Инчунин иҷоза шудааст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷашнҳои худро барпо кунанд.

Дар Қрим соли гузашта қарорҳое қабул шуд, ки барои коҳиши суръати паҳншавии коронавирус нигаронида шудааст. Русия феврали соли 2014 нимҷазираи Қримро, ки дар ҳудуди Украина буд, ишғол кард, нирӯҳояшро ҷой дод ва сохторҳои калидиро таҳти назорат гирифт. Моҳи март як референдуме барпо карда эълон намуд, ки гӯё сокинони Қрим тарафдори дар ҳудуди Русия будан ҳастанд. Натиҷаҳои ин раъйпурсиро дасти кам 100 кишвар эътироф накарданд.

XS
SM
MD
LG