Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассисони рус ба Тоҷикистон омаданд, то бубинанд, ки коронавирус ҳаст ё не


Мутахассисони "Роспотребнадзор" субҳи 16-уми март ба Душанбе расидаанд. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон
Мутахассисони "Роспотребнадзор" субҳи 16-уми март ба Душанбе расидаанд. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон

Як гурӯҳ аз мутахассисони "Роспотребнадзор" ба Душанбе омадаанд ва, мумкин аст, ба зудӣ маълум кунанд, ки оё Русия марзашро ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик кушояд ё не.

Масъулони сафорати Русия дар Душанбе рӯзи 16-уми март гуфтанд, ин гуруҳи мутахассисони вогиршинос аз Пажуҳишгоҳи "Микроб" ҳастанд. Ба иттилои онҳо, ҳадафи пизишкон тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни "Роспотребнадзор" ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон "ба хотири ҳимояи беҳдоштии аҳолии ду кишвар аст".

Аз ин пеш Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар Маскав ба мувофиқа расида буд, ки як гуруҳ аз мутахассисони рус ба Тоҷикистон меоянд ва вазъи эпидемиологии кишварро арзёбӣ мекунанд.

Ин пешниҳоди Русия замоне садо дод, ки ҷониби Тоҷикистон гуфт, сирояти коронавирус дар кишвар қатъ шудааст ва хостори кушодани марзҳо ва барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавопаймо миёни ду кишвар шуда буд.

Дар посух ҷониби Русия гуфт, нахуст бояд коршиносони вогиршиноси ин кишвар вазъи беҳдоштии Тоҷикистонро арзёбӣ кунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол мегӯяд, дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст. Омори мақомот дар бораи гирифторӣ ба COVID-19 аз оғози пандемия шубҳаву гумонҳоро ба дунбол дорад. Бархе аз мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ дар бораи коронавирус вазъи воқеиро пурра бозгӯ намекунад.

Бархе аз корбарон навиштанд, ки тасмими Русия барои фиристодани як ҳайат ба Тоҷикистон, ки вазъи беҳдоштиро месанҷад, баёнгари нобоварӣ ба ҳарфи мақомоти тоҷик дар бораи набудани COVID-19 аст. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии моҳи феврал чунин чизро рад кард ва гуфт, "барои исбот бигзор оянд ва вазъро аз наздик бинанд."

Дар умум дар Тоҷикистон ба гуфтаи масъулони вазорати тандурустӣ, то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 90 нафари онҳо фавтидаанд, аммо шубҳа дар бораи ин омор зиёд аст.

Бо ин ҳол, ҳанӯз марзи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст ва муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар сафар карда наметавонанд. Ба истиснои ҳолатҳое, ки чанде аз ширкатҳои Русия худ дар Тоҷикистон коргар интихоб карда, як гуруҳи хеле маҳдудро ба кор ҷалб мекунанд.

Мақомот интизоранд, пас аз он ки коршиносони рус вазъи беҳдоштӣ ва ё эпидемилогии Тоҷикистонро арзёбӣ мекунанд, Русия дар масъалаи кушодани марзҳо ва аз сар гирифтани парвозҳои маъмулии ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар тасмим мегирад.

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва дармондани мардуми зиёде дар кишвар, сабаби афзудани бекорӣ ва кам шудани даромади оилаҳо дар Тоҷикистон шуд.

XS
SM
MD
LG