Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як тифламро фурӯхтам, дуи дигараш зери хишт мурданд." САДО


Дар Афғонистони ҷангзада, ки қисми зиёде аз мардумаш қашшоқ ҳастанд, ҷабри ҷанги хунрезиҳои тӯлониро бештар аз ҳама занону кӯдакон мекашанд. Ҳазорон мавриде будааст, ки дар ин кишвар зане аз ночорӣ кӯдакашро ба оилаи бефарзанде фурӯхтааст, то бачаҳои дигараш аз гуруснагӣ намиранд. Қиссаи воқеии яке аз онҳоро Орзу, як достоннависи афғон тасвир кардааст ва онро барои нашр ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

"Тифламро фурӯхтам, чун се шаб ноне ба меъдаи мо нарасида буд ва ман ғайри худам масъули сер кардани шиками се тифли дигар низ будам. Бояд якеро қурбонӣ мекардам. Яке на, дуторо, яке тифлам ва дигар диламро. Ба худ гуфтам, шояд гуноҳи бузурге кардам, ки модар шудам ва издивоҷ кардам. Ҳоло, ки аз гуруснагӣ сарҳадамон ба марг расида ва шавҳарам, ки дигар зинда нест, то дастамро бигирад, бояд тифламро бифурӯшам.

Магар чораи дигаре ҳам ҳаст? Ду моҳаш буд ва тоза ба бӯям одат карда буд, аммо ман дар пистонҳоям чизе надоштам, ки барояш бидиҳам. Дигар гуруснагӣ моро ба марг наздиктар мекард. Бадтар аз ҳама, зимистон буд, ки аз роҳ мерасид ва ман ҳайрон будам, чӣ гуна онро пушти сар кунам.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:57 0:00
Линки мустақим

Биноан, духтарамро ба шифохонаи наздики шаҳрамон бурда ва эълони фурӯш кардам. Дар ҳамон рӯзи аввал, яке аз хонумҳое, ки ба шифохона омада буд, ба қимати 20 ҳазор афғонӣ (бештар аз 250 доллар) хоҳони харидориаш шуд. Дилам тоб намеовард, чӣ кор мекардам, ай Худо? Чӣ гуна диламро аз ширинтар зи ҷонам биканам. Худои ман, чӣ кунам? Як бор ба худ гуфтам, нафурӯшам, чӣ мешавад? Шояд гурусна намонем, аммо на.

Бидуни шак, ки бепул будам ва гурусна мемондем. Ин хонуми харидор низ ба пойҳоям афтод ва хостори духтарам шуд ва гуфт: "Ман солҳост, ки фарзанд надорам. Туро ба Худо, ин духтарро ба ман бидеҳ. Ба Худо, хуб бузургаш мекунам."

Оҳе кашидаму бо худ гуфтам, ҳарфе нест, духтар аввалу охираш, фурӯшу ба касе додан аст, чӣ ҳоло ва чӣ дар оянда шавҳар кунад. Ба мурури замон аз дилам хоҳад рафт. Баъди чанд дақиқа аз заҷру пора-пора кардани дилам, духтарамро ба дасташ додам ва пулро гирифтам. Диламро санг сохтаву аз шифохона берун рафтам, аммо пойҳоям намехост, он рӯз ба хотири расидан ба хона маро ёрӣ кунад.

"Бо ин пул ду сол зиндагӣ кардем"

Хуб, дар кул гузашт ва бо ин пул, ҳудуди ду сол зиндагии хубе доштем. Ғарибона, аммо хуб, вале дигар ҳаргиз надонистам, духтарам дар куҷо ҳаст, чӣ мекунад, чӣ мехӯрад. Ҳеч чизро намедонистам. Фикр мекардам, метавонам, фаромӯшаш кунам, аммо натавонистам.

Се сол баъд, дар яке аз зилзилаҳо хонаи кӯчакамон вайрон шуд ва ду фарзандам, зери санг ва хиштҳои хона монда, мурданд. Дигар ман монда будам ва як писарам. Гарчӣ ин сӯзишҳо пирам карда буд, боз ҳам зиндагӣ мекардам.

Солҳо гузашт ва писарам бузург шуд. Ба ман гуфт, ки мехоҳад, барои кор ба Эрон биравад. Ман ҳам чун ғарибии зиёд дида будам, иҷоза додам, биравад. Рафт, баъд аз 6 моҳ хабараш омад, ки муътод шуда, дигар барнамегардад. Ин хабар рӯҳи маро аз танам ҷудо кард. Яъне, дигар ҳеч касе бароям намондааст, такку танҳо шудаам. Аммо чаро ман бояд ингуна бишавам? Баъди 23 сол фақат ман мондам ва ман. Фарзандонам ҳамагӣ бар боди фано рафтанд.

Ин боис шуд, асабӣ шавам. Як рӯз, ки ҳолам дар шаҳр бадтар шуд, ба рӯйи хок афтодам. Хабар надоштам, ки бар ман чӣ мегузарад, то ин ки худамро дар шифохона байни табибон дарёфтам. Духтаре буд, дар байни он табибон, навкор дар шифохона. Бӯйи танаш, рафтораш хеле бароям ошно буд, вале чизе дигар аз зиндагонӣ ёдам намеомад. Се рӯз гузашт. Ростӣ, орзуи марг мекардам. Модаре, ки ҳеч фарзанде надорад, зане, ки ҳеч хонае надорад ва одаме, ки ҳеч хонаводае надорад.

"Биё, ҷони модар"

Сарамро гузоштам ва хобидам. Эҳсос кардам, дигар пир шудаам. Устухонҳоям дард мекард, вақте бедор шудам, хонуме болои сарам буд ва гиря дошт. Чашмамро боз кардам ва ба тарафаш нигоҳе кардам, ки ин хонум кӣ ҳаст, чӣ қадр ошно ҳаст ва чаро барои ман гиря мекунад. Гуфтам, хоҳар ту кӣ ҳастӣ, чаро бароям гиря мекунӣ? Аслан ман кӣ ҳастам? Гуфт: "Заррин ҳастам. Ёдат ҳаст? Ҳамон зане, ки духтаратро ба ӯ фурӯхтӣ?" Такон хӯрдам, духтарам, Худоҷон, духтарам? Бо аҷала бархостам ва гуфтам, куҷост духтарам? Куҷост? Гуфтам, куҷост?

Ҳамон духтари навкор, ки рӯзи аввал бароям ошно буд, духтарам буда, ҷонам буда. Ай Худо, шукр, ки дидамаш. Ӯ дур истода ва бо чашмони пурашк ба ман нигоҳ мекард. Гуфтам, биё пешам, биё ҷонам, биё, ҷони модар. Омад, бағалаш кардам ва нозаш додам. Дилам мехост, дасти хонум Зарринро бибӯсам, ки духтарамро ин қадр хуб тарбия карда. Мадюнаш будам (мадюн - қарздоршуда, қарздор). Баъди чанд лаҳза қисса кардан, ҳамаи моҷароро барояшон гуфтам.

Ӯ ҳам тасмим гирифт, маро бо худашон бибарад ва бо онҳо зиндагӣ кунам. Ин барои ман хуб буд, лоақал бо духтарам будам. Аммо ба духтарам гуфтам, ман холаат ҳастам, маро модар нагӯ. Заррин хонум модарат ҳаст, ки чунин заҳматеро барои ту кашида ва ингуна хуб тарбиятат карда. Дубора бо худ гуфтам, модар модар аст, на ба хотири инки ба дунё меоварад, балки ба хотири инки фидокорӣ мекунад ва ҳама доштаҳояшро фидо мекунад. Оҳ модар. Чӣ қадр ноёб аст."

Матолибе, ки дар гӯшаи Блогистон чоп мешавад, набояд мавқеъ ё назари Радиои Озодӣ пиндошта шаванд.

XS
SM
MD
LG