Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар конфронси сулҳ дар Маскав иштирок мекунанд


Мулло Абдулғанӣ Бародар (нафари севум аз тарафи чап) ва аъзои дигари Толибон дар музокироти Маскав. 28-уми майи соли 2018
Мулло Абдулғанӣ Бародар (нафари севум аз тарафи чап) ва аъзои дигари Толибон дар музокироти Маскав. 28-уми майи соли 2018

Ҷунбиши Толибон гуфт, намояндагонашро ба конфронси сулҳ дар Русия мефиристад. Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, рӯзи 15-уми март гуфт, ҳайати 10-нафариро Мулло Бародар раҳбарӣ хоҳад кард.

Ҳукумати Афғонистон низ тасдиқ кардааст, ки ба ин нишаст меравад.

Конфронси сатҳи баланд рӯзи 18-уми март дар Маскав баргузор мешавад. Ба он намояндагони Амрикову Чин ва Покистон даъват шудаанд, аммо маълум нест, ки оё намояндаи Вашингтон ҳозир мешавад ё не.

Конфронси сулҳ дар Русия дар ҳолест, ки маъмурияти президент Ҷо Байден дар остонаи берун рафтани нирӯҳо аз Афғонистон (1-уми май) талошҳоро барои тавсеаи созиши сулҳ суръат бахшидааст.

Маъмурияти Байден пешниҳод кардааст, моҳи апрел дар Туркия миёни Толибон ва сиёсатмадорони афғон як нишасти сатҳи баланд баргузор шавад.

Музокираву мулоқот дар мавриди сулҳи Афғонистон дар ҳоле бештар мешавад, ки баъд аз оғози гуфтугӯҳои мустақими миёни намояндагони ҳукумат ва Толибон дар Қатар, хушунатҳо дар Афғонистон бештар шудааст.

Ба иттилои пулиси Афғонистон, рӯзи 15-уми март дар натиҷаи таркиши бомбе, ки мусофирбарро дар Кобул ҳадаф қарор дод, 15 ғайринизомӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG