Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Ниёзӣ, сафири адабиёти тоҷик дар Русия, даргузашт


Шавкат Ниёзӣ дар 92-солагӣ дар Маскав даргузашт, ки даҳсолаҳои зиёд макони аслии зиндагиву кори ӯ буд
Шавкат Ниёзӣ дар 92-солагӣ дар Маскав даргузашт, ки даҳсолаҳои зиёд макони аслии зиндагиву кори ӯ буд

Шавкат Ниёзӣ, адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва бародари нависанда Фотеҳ Ниёзӣ, субҳи 15-уми март дар 92-солагӣ дар Русия даргузашт.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Маскав, ба нақл аз пайвандони Шавкат Ниёзӣ гуфт, ӯ дар хонааш ва эҳтимол бар асари бемории дил фавтидааст.

Сатторӣ дар суҳбат бо Радоии Озодӣ рӯзи 15-уми март гуфт, дар тамос бо наздиконаш "таслияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаашон расонидем."

Ӯ афзуд, "бародарзодааш Хуршед Нуъмонов гуфт, чанд рӯз пеш аз фавт васият карданд, ки дар назди ҳамсарашон ба хок супурда шаванд". Ҳамсари Шавкат Ниёзӣ дар оромгоҳи Битсевское дафн шудааст.

Шавкат Ниёзӣ, бародари хурдии нависандаи маъруфи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ, аст. Ӯ дар Самарқанд зода шуда, даҳсолаҳо боз муқими шаҳри Маскав буд.

Адабиётшиносони тоҷик Муртазо Зайниддинов ва Зафари Гулмурод соли 2018 дар нашрияи “Омӯзгор” навиштаанд, ки Шавкат Ниёзӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе буд ва таҳқиқоташ ба масъалаҳои таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ихтисос дошт.

Муаллифон аз хотираҳои адабиётшиноси дигари маъруф Расул Ҳодизода ёдовар шудаанд, ки гуфтааст, Шавкат Ниёзӣ соли 1957 баъд аз хатми аспирантураи Маскав бо дархости Мирзо Турсунзода дар дастгоҳи Иттифоқи нависандагони СССР ҳамчун мушовири адабиёти Советии тоҷик ба кор пазируфта шуд.

Нақши Шавкат Ниёзиро дар муаррифии адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ хеле муҳим медонанд.

Шавкат Ниёзӣ бар иловаи ин, ба сифати дотсенти Пажӯҳишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский кор мекард.

Яке аз саҳмҳои муҳими ӯ таҳқиқи мавзӯи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар назми эпикии тоҷик будааст. Монографияи "Назми эпикии советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ" соли 1968 нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG