Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт ҳолати фаромадани тарма дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз


Дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ҳафт ҳолати тарма ба амал омада сабабгори баста шудани роҳҳо гардидааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, рӯзи 14-уми март дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тарма фаромад ва дар натиҷа роҳҳои мошингард дар самти Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Кӯлоб- Душанбе муваққатан баста шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар роҳи Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки то ба Қирғизистон мебарад, ҳамчунин тарма фаромадааст. Ҳаҷми тармаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хеле бузург - 100 метр дар паҳноӣ ва 4 метр дар баландӣ арзёбӣ кардаанд. Мақомот ҳоло ҳам ба бартараф кардани ин тарма машғуланд. Талофоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, хавфи тарма ва баландшавии сатҳи об дар рудхонаҳо боқӣ мемемонад ва аз сокинон хостааст бидуни зарурат ба сафар набароянд ва аз чаронидани чорвову ҷамъоварии ҳезум дар ин рӯзҳо худдорӣ варзанд. Дар роҳи Душанбе-Чаноқ низ 3 тарма роҳро бастааст. Равуои ҳама гуна мошинҳо дар ин масир давоми рӯзи 14-уми март банд буд ва поёни рӯз ширкати IRS, ки масъули нигоҳбин ва пулчнинӣ аз ин роҳ аст, эълон кард, ки роҳ боз шуд. Аммо субҳи рӯзи 15-уми март ин ширкат хабар дод, дар километри 71-ум мошини газкашон ба садама дучор шуда дубора роҳро бастааст. Ҳоло наҷотбахшон ба бартараф кардани оқибатҳои ин садама машғуланд.

XS
SM
MD
LG