Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маргумири аз ҳад зиёд". Чаро Русия дар мубориза бо COVID-19 муваффақ нашуд?


Русия. Дафни қурбониёни коронавирус. Акс аз моҳи майи 2020

Ҳисобукитоби Дмитрий Кобак, муҳаққиқи Донишгоҳи Тюбингени Олмон, нишон додааст, ки дар соли 2020 дар Русия тақрибан 360 ҳазор кас фавтидаанд ва ӯ бовар дорад, сабаби марги аксарияти онҳо бемории ҳамагир аст. Ба иттилои Ситоди фаврӣ, соли гузашта дар Русия 57 ҳазор нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.

Бо ин омори расмӣ, ки бо эҳтимоли зиёд дур аз воқеият дур аст, зоҳиран мансабдорони рус мехоҳанд, бигӯянд, ки онҳо тавонистанд дар мубориза бо коронавируси нав муваффақ шаванд. Дар воқеият Русия аз нигоҳи фавти одамон аз COVID-19 яке аз кишварҳои пешсаф буда, дар қатори давлатҳое қарор дорад, ки дар давраи пандемия талафоти зиёд додаанд.

Дмитрий Кобак
Дмитрий Кобак

Дмитрий Кобак дар бораи маргумири аз ҳад зиёд дар Русия таҳлили муфассале анҷом дод. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамкораш, Ариэлем Карлински, дар бораи маргумири беш аз ҳад дар 79 кишвари дунё низ маълумот ҷамъ овард. Гузориши аввал дар бораи он қисса мекунад, ки кадом минтақаҳои Русия оморҳои каму беш воқеии қурбониёни коронавирусро гирд оварда, дар кадом ноҳияву шаҳр омори расмӣ аз воқеӣ то 60-80 маротиба фарқ мекунад.

Дар гузориши дувум вазъи беҳдоштии Русия бо кишварҳои дигар муқоиса шудааст. Натиҷаҳои ин таҳлил барои ҳукумати Русия хушҳолкунанда нест.

Дмитрий Кобак бо бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи он суҳбат кард, ки чаро маргумири аз ҳад зиёд як меъёри тилоии баҳогузории вазъи беҳдорӣ дониста мешавад? Ӯ, инчунин, дар ин бора гуфт, ки чӣ теъдод аз сокинони Русия дар соли 2020 ба бемории COVID-19 мубтало шуданд.

– Аз оғози пандемия гӯшу ҳуши ҷаҳон ба омор ва теъдоди фавту гирифторӣ ба коронавирус аст. Дафъатан маълум шуд, ки теъдоди ҳолатҳои нави ошкоршуда баёнгари вазъи воқеӣ буда наметавонад. Зеро тестҳои санҷишӣ чандон дақиқ нестанд. Дертар барои аксарият рӯшан шуд, ки омори фавт аз беморӣ ҳам нишондиҳандаи мувофиқ нест, зеро дар ҳар кишвар марги одамон бо шеваҳои гуногун ҳисоб мешавад:

  • Аз COVID-19
  • Дар пайи гирифторӣ ба СOVID-19
  • Эҳтимол аз COVID-19.

Ҳатто тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам дар ин бора то андозае зидду нақизанд.

– Баҳори имсол аввалин изҳорот садо дод, ки ягона нишондиҳандаи воқеъбинона – фавти барзиёд аст. Ҳоло ҳама аз ин навъи баҳогузорӣ чун ягона роҳи дақиқ кардани омори фавт ва вазъ истифода мекунанд?

– Бале, ба назари ман дар муҳити илм, фаҳмиши дақиқе чун фавти барзиёд ҳаст, ки боэътимодтарин нишондиҳанда дониста мешавад. Баъзан онро ҳатто “меъёри тилоӣ” ҳам ном мебаранд. Бояд дарк кард, ки дар мавриди фавти беш аз ҳад ҳам суолу интиқодҳо зиёд аст, вале ин шева беҳтар ва ба воқеият наздиктар аст. Намедонам, то куҷо мардум метавонад, инро дарк кунад. Вазъ дар кишварҳои мухталиф аксаран бо таваҷҷӯҳ ба омори расмии гирифторон ва ё фавтидаҳо аз коронавирус муқоиса ва баҳогузорӣ карда мешавад, аммо чунин қиёс карданҳо маъно надоранд.

– Аммо агар аксари кишварҳо тавонистанд, маълумот дар бораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ва фавт аз COVID-19-ро ҷамъоварӣ кунанд, пас, гуфтан метавон, ки омори талафоти изофиро ҳам мешавад начандон дақиқ ва воқеӣ муайян кард? То куҷо дар саросари дунё чунин омори дақиқ вуҷуд дорад?

– Омори дақиқ вуҷуд надорад. Маълумот дар бораи фавт аз ҳар кишвар ба ҳар шакл дастрас мешавад. Масалан, дар Аврупо, омор хеле боназм ва саривақт нашр мешавад. Тақрибан дар миёнаҳои соли гузашта, Евростат – Муассисаи омори Иттиҳоди Аврупо бо ҷамъоварии маълумоти ҳамаи кишварҳои узв, ба нашри он дар шакли як ҷадвали ягона шуруъ кард. Дар ин ҷадвал ҳар ҳафта омори фавт нашр мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи Human Mortality Database фаъол аст. Ин лоиҳа то замони пандемия ҳам вуҷуд дошт, аммо аз миёнаҳои соли гузашта ба ҷамъоварии омори якҳафтаинаи фавт оғоз кард. Дар ин тарҳ омори кишварҳое чун Австралия, Амрико, Зеландияи Нав нашр мешавад. Чандин кишварҳои дигар ҳам омори умумиро дар бораи фавт нашр мекунанд, аммо ин маълумот ба ягон махзани умумиҷаҳонии иттилоъ ворид нашудааст. Дар Русия “Росстат” ҳар моҳ шумораи умумии фавтро бидуни ҷудо кардан ба зану мард ва синну сол нашр мекунад. Чунин оморро Муассисаи омори Украина – Укрстат ва Хадамоти омори Қазоқистон ҳам нашр мекунанд. Кори муҳиме, ки ҳамкори ман Ариэл Карлински дар ин самт анҷом дод, ин дар як ҷой ҷамъ овардани тамоми ин маълумоту оморҳо аст.

– Ин тарҳи Шумо чанд кишварро фаро мегирад?

– Айни ҳол дар пойгоҳи мо маълумот аз 79 кишвар ҷамъоварӣ мешавад. Аз баъзе кишварҳо рақами якҳафтаинаи фавт ва аз бархеи дигар омори моҳона дастрас мешавад. Баъзе аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ рақами ҳаррӯзаи маргумирро пешниҳод мекунанд. Дар ҳар кишвар шеваи ҷамъоварӣ, пешниҳод ва таъхир дар дастрас кардани омор гуногун аст. Дар умум, Аврупо ва Амрикои Шарқӣ аз лиҳози омори фавт таъмин мешаванд. Дар бораи Африқо тақрибан маълумоте нест ва мо ҳам натавонистем, ки оморе дастрас кунем. Дар кишварҳои осиёӣ ҳам дастрасӣ ба омор мушкил аст. Масалан, Чин, Ҳиндустон ва Индонезия омори фавтро ошкору нашр намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масалан дар Ҳиндустону Индонезия вазъи беҳдорӣ хуб нест. Эҳтимол касе намедонад, ки дар ин кишварҳо чӣ теъдоди одамон фавтидаанд.

– "Маргумири беш аз ҳад"-ро бо чӣ роҳе мешавад дурусту дақиқ муайян кард? Хуб, рӯшан аст, ки фавти изофӣ, ба маънии талафоти беш аз интизор аст, аммо инро ҳам мешавад ба шаклҳои мухталиф ҳисоб кард. Дуруст?

– Бале. Дар асл ин корро Хадамоти омори ҳар кишвар новобаста аз пандемия ҳам мекунад. Онҳо дар асоси омори маргумир дар чанд соли охир омори фавт барои соли ояндаро пешгӯӣ мекунанд. Мумкин аст, шаклу тартиби ҳисобукитоб дар кишварҳо гуногун бошад, аммо онҳо аз ҳам зиёд фарқ надоранд. Дар чанд соли охир мо аз як хати маъмул истифода мебарем. Масалан, дар тайи 15 соли охир дар Русия фавт кам мешавад, яъне агар коронавирус намебуд, соли 2020 бояд талафот дар кишвар камтар аз солҳои 2019, 2018 ва 2017 сабт мешуд. Аммо мисолҳои баръакс ҳам ҳастанд. Барои мисол, дар Амрико мизони маргу мир сол то сол зиёд мешавад. Ин ба тағйир ёфтани аҳолӣ вобастааст, яъне ба пир ё ҷавоншавии аҳолӣ ва ё ба вазъи тандурустӣ. Омилҳои зиёде метавонанд ба ин таъсир гузоранд. Мо дар тарҳи худ, барои муқоисаи оморҳо, барои ҳамаи кишварҳо аз як модели умумӣ истифода кардем. Аслан омори соли 2020-ро бо рақамҳои соли 2019 ҳам муқоиса кардан мумкин буд. Натиҷа як аст.

– Вале саволи асосӣ ин аст, ки чанд дарсади маргумири беш аз ҳад маҳз ба маргумири гирифторони COVID-19 рост меояд? Зеро сабабҳои зиёди дигар ҳам ҳастанд. Масалан, аз як сӯ манъу маҳдудсозиҳо, аз сӯйи дигар муассисаҳои тиббӣ ҳама пур аз гирифторони коронавирус ҳастанд ва ва ба далели сари вақт кумаки тиббӣ нагирифтан одамон аз бемориҳои дигар ҳам фавтиданд. Чунин омилҳо то куҷо метавонанд ба маргумири барзиёд сабаб шаванд?

– Аслан вазъ дар ҳар кишвар мухталиф аст. Масалан, дар баъзе аз минтақаҳои Русия, ки ҳанӯз коронавируси нав то онҷо нарасида буд, баробар бо дигар минтақаҳо манъу маҳдудият ворид шуд. Дар чунин минтақаҳо омори фавт тағйир наёфтааст. Барои мисол, дар Бошқирдистон ва Сибир омори маргу мир дар давраи маҳдудсозиҳо тағйир наёфт. Яъне, иддаои инки банд мондани одамон дар хона боис ба афзоиши фавт мешавад, беасос аст. Дар баъзе аз кишварҳои дигар, ба монанди Австралия ва Зеландияи Нав, ки бо маҳдудиятҳои шадид дар мубориза ба коронавирус муваффақ шуданд, фавт баръакс кам шуд. Эҳтимол сабаб ин буд, ки гирифторӣ ба зуком ҳам кам шуд.

– Хуб, манъу маҳдудиятҳо худ ба худ ҳолатҳои фавтро зиёд намекунад, ҳарчанд намедонем, дар дарозмуддат таъсири он чӣ гуна хоҳад буд. Аммо дар бораи пайомадҳои мушкили дастрасӣ ба тиб чӣ назар доред?

– Бале, ин суоли муҳим аст. Оё дар дар давраи пандемия маргу мир аз бемориҳои дигар то куҷо зиёд буд? Посух гуфтан ба ин суол мушкил аст. Баъзе аз кишварҳо фавт аз коронавирусро хеле ботартиб ва эҳтиёткорона ҳисоб мекунанд ва омори онҳо ба талафоти барзиёд наздик аст. Аз ин лиҳоз, мешавад ҳадс зад, ки фавти изофӣ қариб пурра ба бемории коронавирус рабт дорад ва таъсири омилҳои дигар чандон зиёд нест. Дар ҳар сурат, ҳама омилҳои дигар боз ҳам ба ҳамин давраи пандемия вобастааст. Масалан, ҳамин мушкил дар дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ва пизишкон ҳам.

– Тахмин зада мешавад, ки дар кишварҳое, ки тафовут дар оморашон зиёд аст, дар таҳияву пешниҳоди рақамҳои фаврӣ сохтакорӣ мекунанд. Оё имкон дорад, ки дар таҳияи омори умумии қурбониёни коронавирус ҳам сохтакорӣ кунанд?

– Ба ин савол ҷавоб надорам. Фикр мекунам, дар кишварҳое, ки рақамҳои фаврӣ шадидан кам нишон дода мешавад, омори умумии маргумирро аслан нашр намекунанд. Намедонем, ки дар Индонезия ва Ҳиндустон вазъ чӣ гуна аст, зеро омори умумии фавт дар ин кившарҳо дастрас нест.

– Дар Русия чӣ?

– Фикр мекунам, дар Русия ё Узбекистон як низоми аз давраҳои пеш муайяншуда истифода бурда мешавад. “Росстат” солҳои зиёд аст, ки омори фавтро нашр мекунад. Ин муассиса маълумотро аз идораи САҲШ (ЗАГС) дастрас мекунад. Аз ин нигоҳ системаи мазкурро вайрон кардан мушкил аст, вале маълумоти фавриро дар бораи фавт Ситоди зидди коронавирус ҷамъ меорад. Ин як сохтори нав аст ва оморро онҳо аз минтақаҳои гуногун мегиранд ва маълум аст, ки дар минтақаҳо ҳам тамоюли кам нишон додани омор вуҷуд дорад. Барои мисол, маълумоте, ки аз Бошқирдистон дастрас мешавад, қариб 100 маротиба аз фавти барзиёд кам нишон дода шудааст. Вале дар айни замон омори дақиқи фавт аз сабабҳои маъмулиро дар Бошқирдистон, мисли дигар минтақаҳои Русия сохторҳои дигар ҳам ҳисоб мекунанд.

– Чи теъдоди одамон дар дунё, дар асл аз коронавирус фавтидаанд? Мешавад ҳадди ақал тахминӣ ҳисоб кард?

– Агар омори умумии талафоти барзиёди кишварҳоеро, ки дар бораашон маълумот дорем, ҳисоб ва онро ба омори расмии қурбониёни коронавирус дар ин кишварҳо тақсим кунем, ҳосил ё натиҷа 1,6 мешавад. Яъне омори саросарии талафоти изофӣ назар ба нишондоди расмӣ хеле зиёд аст. Ҳоло агар маълумоти фаврии ситод дар саросари ҷаҳонро, ки омори фавтро 2,3 миллион ҳисоб кардааст, ба рақами 1,6 зарб занем 3,6 хоҳад шуд. Вале намедонам то куҷо ин тарзи баҳогузорӣ дуруст аст. Зеро аз бисёр кишварҳо ягон маълумот надорем. Эҳтимол маҳз дар ҳамон кишварҳое, ки иттилоъ дастрас нест, сохтакорӣ ва кам нишон додани омор хеле зиёд аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG