Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 200 нафарро ҳангоми баҳси интихобот дар Русия дастгир кардаанд


Акс аз 31-уми январи 2021
Акс аз 31-уми январи 2021

Пулиси Русия ҳудуди 200 нафарро, ки аксарияташон чеҳраҳои мухолифин ҳастанд, дастгир кардааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми март дар меҳмонхонаи "Измайлово" дар Маскав рух дод.

Дар онҷо шуморе аз чеҳраҳои мухолифини сиёсӣ дар мавриди интихоботи маҳаллӣ ва порлумонии моҳи сентябр дар Русия баҳс мекарданд. Дар наворҳо дида мешавад, ки пулис боздоштшудаҳоро ба мошинҳо интиқол медиҳад.

Вазорати корҳои дохилии Русия тасдиқ кард, ки тақрибан 200 нафарро боздошт карданд.

Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар вокуниш ба ин иқдом дар Твиттер гуфт, кишвараш хоҳони поён ёфтани муҷозоти садоҳои мустақил дар Русия аст.

XS
SM
MD
LG