Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозанин Зоғариро аз рӯйи иттиҳоми нав дар Теҳрон муҳокима карданд


Нозанин Зоғарӣ
Нозанин Зоғарӣ

Вакили мудофеи Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, имдодрасони бритониёии эрониасл, гуфтааст, муҳокимаи вай бо иттиҳоми "таблиғот ба зидди низом" рӯзи 14-уми март дар Теҳрон баргузор шуд.

Ҳуҷҷат Кирмонӣ ба як сомона дар Эрон гуфт, муҳокима бо ҳузури зерҳимояаш "дар фазои ором" гузашт ва ибрози умед кард, ки "ӯ бахшида хоҳад шуд".

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, мудири як барномаи Бунёди "Томсон Рейтерз", дар соли 2016 дар Теҳрон дастгир шуд. Ӯро бо гуноҳи тавтеа барои сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ ба панҷ сол зиндон маҳкум карданд.

Вай муддати зиёди ҳабсро дар маҳбаси Эвин гузаронд, аммо соли гузашта бо сабаби густариши бемории коронавирус ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт. Зоғарӣ дар аввали моҳи марти имсол бо поён ёфтани муддати ҳабс аз боздошти хонагӣ низ раҳо шуд, аммо якбора ба додгоҳ даъват ва бо иттиҳоми нав рӯ ба рӯ гардид.

Нозанин Зоғарӣ-Ротклиффи 42-сола, ки ҳоло ҳаққи берун рафтан аз қаламрави Эронро надорад, ҳама иттиҳомро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG