Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати миллии ҳавопаймоии Чех варшикаст шуд


Ҳавопаймои Airbus A319-100 бар фарози Фурудгоҳи байнулмилалии Прага ба номи Ватслав Ҳавел
Ҳавопаймои Airbus A319-100 бар фарози Фурудгоҳи байнулмилалии Прага ба номи Ватслав Ҳавел

Додгоҳе дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ширкати ҳавопаймоии Czech Airlines-ро варшикаста эълон кард.

Ширкат дар шароити ҳамагирии коронавирус дар ҳолати вазнини иқтисодӣ қарор гирифта, ба додгоҳ барои муфлис эътироф шуданд, дархост бурд.

"Додгоҳ аз қарздиҳандагони ширкат даъват мекунад, ки давоми ду моҳ талабҳои худро эълом кунанд", - омадааст дар қарори додгоҳ, ки рӯзи 10 март эълом шуд.

Ба иттилои додгоҳ, қарзи ширкат ба наздики 80 миллион доллар мерасад.

Ширкат гуфтааст, дар давраи вабо аз сӯи ҳукумат пуштибонӣ надида ва ин сабаби варшикастагиаш шудааст.

XS
SM
MD
LG