Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурхро барои кумак ба Лукашенко айбдор карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мухолифини ҳукумати Беларус Ҷамъияти миллии Салиби Сурхро дар даст доштан дар тақаллуби густарда дар интихоботи президентии ин кишвар айбдор карданд.

Ба бовари мунтақидон, Салиби Сурх дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба қитъаҳои райъдиҳӣ 3 ҳазор касро фиристодааст, ки дар натиҷа онҳо ба ҳукуматдорон дар тақаллуби натиҷаи райъдиҳӣ мадад кардаанд.

Мавқеи расмии Салиби Сурх фосила гирифтан аз сиёсат аст.

Павел Латушко, яке аз роҳбарони мухолифини Беларус гуфт, Салиби Сурх аз усули бетарафии сиёсӣ дар Белорус сарфи назар кардааст. Латушко гуфт, ин созмон амалан аз ҳукумати Александр Лукашенко итоат мекунад.

Созмони байналмилалии Салиби Сурх даст доштан дар тақаллубкории интихоботиро дар Беларус рад мекунад. Бо ин вуҷуд, созмон ваъда додааст, ки вазъиятро меомӯзад.

XS
SM
MD
LG