Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ: "60 дарсади мардуми Сурия бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд"


Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми март ба муносибати даҳумин солгарди ҷанги дохилии Сурия гуфт, ки беш аз 60 дарсади мардуми ин кишвар бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва вазъ дар Сурия ҳамчунон монанди як кобус ё хоби ваҳшатнок аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дабири куллии СММ гуфтааст, акнун 60 дарсади аҳолии ин кишвар дар рӯбарӯи гуруснагӣ қарор доранд. Вай афзуд, дарки комили мизони вайрониҳои Сурия ғайримумкин аст, аммо мардуми ин кишвар бузургтарин ҷиноятҳо дар ҷаҳон дар ин асрро шоҳид буданд ва таҳаммул карданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид кард, "Сурия аз сафҳаи аввали расонаҳо канор рафтааст, вале шароити ин кишвар ҳамчунон як кобуси зинда аст".

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо саркӯби тазоҳуроти эътирозӣ дар соли 2011, ин кишварро ба вартаи ҷанги дохилӣ кашонд. Дар ҷанги дохилии Сурия, Русия ва Эрон аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят карданд. Дар муқобил Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия, аз мухолифони ҳукумати Сурия пуштибонӣ карданд.

Антонио Гутерреш таъкид кард, ба кӯмакҳои башардӯстонаи бештар ба Сурия зарурат аст. Вай изофа кард, ки борҳо аз Шӯрои амнияти СММ хостааст дар ин замина чораҷӯӣ кунад.

Шӯрои амнияти СММ дар соли 2014 барои нахустин бор иҷозатномаи кӯмакрасонӣ аз тариқи марзи Сурия дар чаҳор нуқтаи марзиро содир кард. Аммо соли гузашта бинобар мухолифати Чин ва Русия барои тамдиди ин иҷозатнома, шумораи марказҳои кӯмакрасонӣ ба як нуқта дар марзи Туркия коҳиш ёфт.

Қарор аст Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи июн мавзуи кӯмакрасонӣ аз тариқи марзи Сурияро баррасӣ кунад. Ба гузориши расонаҳо, дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия, Русия 16 бор қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ дар ин хусусро вето кардааст, ки дар бисёре аз мавридҳо Чин низ бо Русия ҳамроҳ буд.

Саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти мардумӣ дар моҳи 2011 аз сӯи нерӯҳои давлатӣ шӯълаи ҷанги дохилии Сурияро барафрӯхт ва ин кишварро ба сӯи вайронӣ бурд. Дар ҷанги дохилии Сурия садҳо ҳазор нафар кушта, миллионҳо нафар овора ва маҷбур ба муҳоҷират шуданд. Ҳанӯз бахшҳое аз хоки Сурия аз назорати давлат берун мебошанд.

XS
SM
MD
LG