Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як узви маҷлиси Чехия дар паи олудашавӣ ба COVID-19


Марзи Ҷумҳурии Чех ва Олмон баста боқӣ мемонад ва танҳо дар сурати зарурати кориву оҷил шаҳрвандонро ба қаламрави ҳамдигар роҳ медиҳанд
Марзи Ҷумҳурии Чех ва Олмон баста боқӣ мемонад ва танҳо дар сурати зарурати кориву оҷил шаҳрвандонро ба қаламрави ҳамдигар роҳ медиҳанд

Вакили парлумони Ҷумҳурии Чех Йиржи Вентруба бар асари COVID-19 даргузашт ва ӯ аввалин узви маҷлиси ин кишвар шуд, ки дар паи авҷгирии навбатии коронавирус дар ин кишвари Аврупои Марказӣ қурбон он шуд. Вентрубаи 71-сола аз ҳизби оппозитсионии “Демократҳои маданӣ” рӯзи 9-уми март даргузашт ва хабарашро аъзои ҳизб 10-уми март нашр карданд. Вентруба табиби касбӣ буд ва давоми сеюним соли охир ба ҳайси узви парлумон ифои вазифа кардааст.

Дар як соли охири роҳ ёфтани коронавирус ба Чехия, чандин сиёсатмадори маҳаллӣ ба ин вирус олуда шуданд, аз ҷумла раиси парлумон Радек Вондрачек ва собиқ вазири дифоъ Карла Слехнова. Ҷумҳурии Чех дар моҳу ҳафтаҳои ахир дучори сангинтарин давраи пандемия шудааст ва дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 15100 нафари нав ба вирус олуда шуданд. Таносуби омор чунин аст, ки дар давоми ҳафт рӯз ба ҳар 100 ҳазор аҳолии ин кишвар, 760 нафар ба коронавирус олуда шудаанд. Масалан дар Олмон ин таносуб 65,4 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар дар ҳафт рӯзро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ дар ин кишвар аз оғози бӯҳрони коронавирус 1,3 миллион нафар ба коронавирус олуда шуда, 22,385 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG