Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сохтмонҳои Русия 1,2 миллион коргар намерасад, аммо Маскав ба кушодани роҳ шитоб надорад


Яке аз сохтмонҳо дар Русия, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо кор мекарданд.
Яке аз сохтмонҳо дар Русия, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо кор мекарданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар сохтмонҳои ин кишвар ба камияш 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасад, аммо дар айни замон Маскав барои кушодани роҳ ба корҷӯён, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, саросема нест.

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 9-уми март ба нақл аз Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Русия, навишт, камбуди бинокорон ба сабаби пандемияи фарогири COVID-19 ва баста будани марзҳо пеш омадааст.

Ба қавли ӯ, на дар ҳамаи минтақаҳо ҷуброни камбуди коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Русия имконпазир аст.

Қаблан хабар дода мешуд, ки бинобар маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия, Вазорати сохтмони он кишвар аз ширкатҳо барои ҷалби муҳоҷирон дархостҳои зиёде гирифтааст. Дар ҳоле ки марзҳои Русия ба рӯйи аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, бастааст, намояндагони ширкатҳои русӣ ба ҷустуҷӯйи коргарон ба Тоҷикистон омадаанд.

Феълан ширкати “Техстрой” дар шаҳри Хуҷанд ба гирд овардани 1000 коргар машғул аст. Намояндагонаш гуфтанд, ширкат муваззаф шудааст, муҳоҷиронро бо пули худ тавассути парвозҳои чартерӣ ба Русия бибарад, сабтином кунад, патент гирад ва бо ҷойи хобу хӯрок таъмин кунад. Муҳоҷирон дар навбати вазифадоранд, талабҳои шартномаро иҷро кунанд, вагарна маҷбуранд, харҷи ширкатро пардозанд.

Баъзе аз корҷӯён дар вилояти Суғд гуфтанд, дар муқоиса ба соли гузашта нархи кор “андаке арзон аст”, вале ҳоло ба ҷуз пазируфтанаш чораи дигар надоранд. Онҳо мегӯянд, дар кишвар як сол боз бекору бе даромад мондаанд.

Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мерафтанд, вале соли 2020 ва дар оғози имсол бо сабаби бемории КОВИД-19 ва баста будани марзҳо, бахши аъзами онҳо дар кишвар монданд.

Ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, соли 2020 аз Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш, 76 дарсад камтар будааст.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон бештар аз ду миллиард доллар мефиристоданд, вале ба иттилои раҳбарияти Бонки Миллӣ, соли гузашта 6,3 дарсад камтар фиристоданд.

XS
SM
MD
LG