Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл нишастеро дар бораи сулҳи Афғонистон мизбонӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мансабдорони Русия гуфтаанд, нишасти машваратии сулҳи Афғонистон рӯзи 18-уми март бо ҳузури намояндагони Амрико дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, бо ин вуҷуд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳузур дар ин нишастро тасдиқ накардааст.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 9-уми март ба нақл аз сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия навишт, ин нишаст бо ҳузури намояндагони Русия, Амрико, Чин, Покистон ва намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон баргузор хоҳад шуд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, низ ба хабаргузориҳо гуфтааст, даъватнома барои ин кишварҳо фиристода шуд.

Ӯ дар ин бора афзудааст: "Ин як конфронс нест, балки нишасти машваратӣ барои сулҳи Афғонистон бо ҳузури Русия, Амрико ва Чину Покистон аст". Ва дар идома гуфтааст, "бале, намояндаи ҳукумати Афғонистон, гурӯҳи Толибон ва сиёсатмадорони афғонро дар ин нишаст даъват мекунем."

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида дар гузашта бо Русия дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон табодули афкор кардааст ва ахиран ҳам дар мавриди баргузории як нишаст гуфтугӯ доштанд.

Рӯзи гузашта Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул, бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот ва дар бораи бораи баргузории нишасти Маскав гуфтугӯ кард.

Вазорати коорҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, дар ин дидор дар бораи фиристодани даъватномаҳо аз сӯйи Русия ба раҳбарони ҳукумати Афғонистон ва шуморе аз чеҳраҳои сиёсии он кишвар табодули назар сурат гирифт.

Мавзӯи баргузории нишасти Маскав дар ҳоле матраҳ шудааст, ки вазири корҳои хориҷии Амрико дар номае ба раиси ҷумҳури Афғонистон аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ кард ва ба зарурати ҳалли сиёсии он таъкид намуд.

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин нома аз эҳтимоли дубора нерӯманд шудани гурӯҳи Толибон дар сурати берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳушдор дод ва роҳҳоеро барои суръат бахшидан ба раванди сулҳ ва даст ёфтан ба оташбаси доимӣ пешниҳод кард.

Бар асоси созишнома миёни ҳукумати Доналд Трамп бо гурӯҳи Толибон, ки 29-уми феврали соли 2020 дар Қатар имзо шуд, сарбозони амрикоӣ то моҳи майи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Тибқи созишнома, гурӯҳи Толибон бояд хушунатҳоро коҳиш дода, ҳамла ба нерӯҳои амрикоиро қатъ кунад ва ба гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG