Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти қатли ронандаи таксӣ дар Душанбе. Чаро занозаниву куштор афзудааст?


Мақомот гуфтанд, қазияи қатли Эраҷи Эмомалиро таҳқиқ доранд
Мақомот гуфтанд, қазияи қатли Эраҷи Эмомалиро таҳқиқ доранд

Хонаводаи Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 31-солаи таксӣ, ки ба иттилои расмӣ бо беш аз чиҳил зарби корд дар Душанбе кушта шудааст, муҷозоти гумонбарро талаб доранд. Ҳодиса шаби 15-уми феврали имсол рух дода, бисёре аз сокинони пойтахтро нигарон кардааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, бо гумони даст доштан дар ҳодиса Саймуъмин Муҳиддинови 21-сола (аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон)-ро дастгир карданд. Ӯ низ дар як навори мақомот, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт шудааст, гуфт, баҳсаш бо ронанда бар сари пул сар зад ва дар мавриди куштани ӯ "беақлӣ кард".

Аз навори мақомот
Аз навори мақомот

Нақли модар, ҳайрати сокинони Вахш

Боздошти Саймуъмин Муҳиддинов бисёре аз сокинони деҳаи Вахши ноҳияи Ҷайҳунро ҳайратзада кардааст. Баъзе аз наздикону дӯстонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “чун рафтори бади ӯро надида буданд, ин хабар такондиҳанда буд”.

Саймуддин Холов, падари Саймуъмин Муҳиддинов, дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳайронам, ки чаро ин корро кардааст. Солҳо боз аз ҳамсарам ҷудо ҳастам ва, бино бар ин, насаби писарам низ дигар аст.” Вай нахост, аз ин бештар суҳбат кунад ва ба тамосҳои баъдии мо посух надод.

Наҷафмоҳ Холова, модари Саймуъмин, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз он ки писараш аз Душанбе ба ноҳияи Ҷайҳун баргашт, ӯро ҳамагӣ ним соат диду бас. “Милисаҳо омада, гуфтанд, ки суратҳояшро диҳед. Ба худаш занг задам, набардошт. Сипас аз хонаи холааш телефон карда, гуфтанд, дар онҷост. Рафта, пурсидам, ки чӣ кор кардӣ? Аз тарс меларзид, вале ба чизе қоил нашуд. Дар ҳамонҷо дастгир карданд”, -- нақл кард ӯ.

Хонум Холова гуфт, аз замони боздошти писараш то ба ҳол ӯро надидааст ва дақиқ намедонад, ки гуноҳаш чист.

Саймуъмин Муҳиддинов. Акс аз навори мақомот
Саймуъмин Муҳиддинов. Акс аз навори мақомот

Дар ҳамин ҳол, ки масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 3-юми март бо пахши наворе гуфтанд, "Саймуъмин Муҳиддинов бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, бо истифода аз зӯроварӣ, мошинаи ронанда Эраҷи Эмомалиро манъ карда, аз ӯ маблағ хостааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад бо корд ва бо бераҳмии махсус ронандаро ба ҳалокат расондааст."

Русия – Душанбе - Ҷайҳун

Саймуъмин Муҳиддинов дар оила фарзанди калонӣ буда, як хоҳару додар дорад. Додараш феълан дар муҳоҷирати корӣ аст. Шералӣ Қирғизбеков, раиси деҳаи Вахши ноҳияи Ҷайҳун, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҷавон дар маҳаллаи онҳо мезист, дар бораи гузаштааш чизи зиёде намедонад.

Пайвандонаш гуфтанд, Саймуъмин Муҳиддинов дар хурдӣ бо падараш дар Русия буд ва, аз ин рӯ, мактабро пурра нахондааст. Амонуддин, тағои Саймуъмин, мегӯяд, “вақте ба Душанбе омад, як муддат дар пойтахт таҳсил кард. Солҳои охир ба деҳа баргашта буданд.”

Абдурасул Шарифов, мудири мактаби рақами 3 дар ноҳияи Ҷайҳун, мегӯяд, “ӯ соли 2019 танҳо синфи ёздаҳро дар мактаби мо хонд. Падараш ба наздикӣ мағоза кушода буд, гоҳе Саймуъминро дар онҷо медидем.”

Дар ҳоле ки пайвандони Саймуъмин Муҳиддинов аз тақдири фарзанди худ нигаронанд, аъзои як оила дар ноҳияи Муъминобод дар сӯги писари худ нишастаанд. Волидони Эраҷи Эмомалӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Худи ӯ сокини деҳаи Ҷавалайи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ буд, вале дар Душанбе дар манзили иҷора менишаст.

“Ҷойи 21 кордро дар баданаш дидам”

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба деҳаи Ҷавалай, макони иқомати Эраҷи Эмомалӣ, рафт ва дар онҷо бародару хоҳарашро ёфт. Онҳо гуфтанд, Эраҷро дар ноҳияи Муъминобод дафн карданд.

Шодмон Назаров, бародари Эраҷи Эмомалӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар оила фарзанди хурдӣ буд ва қатлаш аъзои хонаводаро дар вазъияти сахте қарор дод. Ӯ гуфт, рӯзи 25-уми феврал ба додситонӣ рафта, сабаби марги бародарашро пурсидаанд.

Эраҷи Эмомалӣ
Эраҷи Эмомалӣ

“Эраҷ ронандаи таксии “1111” буд ва барои гирифтани муштарӣ одатан дар маҳаллаи “Профсоюз” меистод. Гуфтанд, шахси гумонбар ҳамон шаб ба мошинаш нишаста, фармоиш додааст, ки ба маҳаллаи 46-ум барад. Ба ноҳияи Ҷайҳун рафтанӣ будааст, кордро ба зери манаҳи Эраҷ гузошта, 60 сомонӣ талаб мекунад. Додарам талош кардааст, кордро аз дасташ гирад, вале гумонбар ба баданаш мезанад. Гуфтанд, 42 корд задааст. Шахсан ҷойи 21 кордро дар баданаш дидам. Аз кисааш 80 сомонӣ ва телефонашро гирифтааст”, -- нақл кард ӯ.

Муфаттишони Додситонии шаҳри Душанбе ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як муфаттиш бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба гумонбар бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушоданд. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Эраҷи Эмомалӣ рӯзи сеюми феврал, дувоздаҳ рӯз қабл аз маргаш, соҳиби тифли нахустин шудааст. Модараш хонанишин ва падараш солҳо боз дар бахши сохтмон фаъолият карда, айни ҳол бознишаста аст. Эраҷи Эмомалӣ дар гузашта дар Маскав кор мекард, вале баъдан барои кору наздикии пайвандон ба кишвар баргашт.

Мушкил бар сари чист?

Афзоиши занозанӣ ва куштор дар миёни ҷавонон дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар боис ба нигаронии сокинон шудааст.

  • Ду моҳ пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи қатли як ронандаи 38-солаи таксӣ дар шаҳри Турсунзода хабар дод.
  • Моҳи декабри соли гузашта ду ҷавон барои даст доштан дар қатли Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола ва Меҳрафрӯз Холмирзои 19-сола зиндонӣ шуданд.
  • Моҳи августи соли гузашта дар пайи занозании гурӯҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе Баҳром Яъқубов, сокини 24-солаи пойтахт ҷон бохт.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, “инҷо мушкил дар масъалаи тарбияи насли наврас аст”.

“Вақте ҷавон ба кирдорҳои ношоиста даст мезанад, маълум мешавад, чӣ ниёзҳое дар он хонавода бароварда нашудааст. Мумкин аст, оила ноппура аст, меҳру муҳаббат ба таври зарурӣ дода нашудааст. Вақте меҳрхонаҳои волидон холист, ҷойи онро унсурҳои дигар, рафторҳои дигар мегиранд. Ҳамин гуна ҷавонон даст ба куштор мезананд ва дар дили онҳо ба ҷойи меҳр бераҳмӣ маскан мегирад”, -- шарҳ дод ӯ.

Роҳи ҳал кадом аст?

Равоншинос афзуд, ҷавонон тарзи ҳалли мушкилот ва ё низоъҳои шахсиро наомӯхтаанд ва бо пеш омадани мушкилоте аксарият ба ҳолати пуршиддати рӯҳӣ гирифтор шуда, назорати худро аз даст медиҳанд.

Маҳмадулло Давлатов
Маҳмадулло Давлатов

Маҳмадулло Давлатов гуфт: “Вақте ҳиссиёт боло мегирад, фаъолияти ақли инсон маҳдуд мешавад. Қисмати зиёди ҷавононе, ки ҷиноят содир мекунанд, худро идора карда наметонанд, вале баъдан афсӯс мехӯранд. Барои ҳалли мушкил бояд ба мардум дар ҳама ҳолат тобовар буданро ёд диҳем. Чизе, ки ҳоло на дар мактаб ва на дар оила нест."

Нигарониҳо аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар суҳбатҳои коршиносон садо додааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар соли гузашта дар кишвар 23 ҳазору 460 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба як соле аз он пеш 1400 ҳолат бештар аст.

Мақомот сабабҳои афзоиши ҷиноятро намегӯянд, вале мутахассисон ба бекорӣ, бепулӣ ва тарбияи нодурусту бетарафии ҷомеа рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG