Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Аврупо масунияти се пешвои истиқлолталабҳои Каталонияро бекор кард


 Карлос Пучдемон
Карлос Пучдемон

Парлумони Аврупо рӯзи 9-уми март раҳбари истиқлолхоҳҳои Каталония Карлос Пучдемон ва ду ҳамкори дигари ӯро аз масуният маҳрум кард ва бо ин, роҳи эҳтимолии онҳо барои истирдод ба Испания боз шуд. Парлумони Аврупо се овоздиҳии ҷудогона барпо кард, ки бар асоси он, худи Пучдемон, собиқ вазири беҳдошти минтақаи Каталония Тони Комин ва собиқ вазири маориф Клара Понсати аз масунияти сиёсӣ маҳрум мешаванд. Ба тарафдории ин қарор 400 вакил, мухолифи он 248 узви парлумон овоз доданд ва 45 вакил дар овоздиҳӣ ҳузур надоштанд. Пучдемон ва Комин соли 2019 ва Понсати соли 2020 ба узвияти парлумони Аврупо интихоб шуданд. Мақоми вакили парлумон ба онҳо масуният ва ҳимоят аз таъқиби ҷиноиро фароҳам мекунад, аммо бо дархости мақомоти адлияи Испания, парлумон мавзӯи маҳрум кардани онҳо аз масуниятро ба баррасӣ гирифт. Пучдемон, раҳбари пешини ҳукумати минтақавии Каталония ва Комин дар паи саркӯби референдуми ғайриқонунии соли 2017 оид ба истиқлолият ба Брюссел фирор карданд. Понсати дар Шотландия зиндагӣ мекунад. Вакили дифои Пучдемон дар Испания гуфт, ки зерҳимояаш ба додгоҳи олии аврупоӣ дар Люксембург аз болои қарори Парлумони Аврупо шикоят хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG