Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз мақомоти Қирғизистон хост, лоиҳаи Конститутсияи навро бозхонд кунанд


Қонститутсияи нави Қирғизистон.
Қонститутсияи нави Қирғизистон.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бо нашри изҳороте лоиҳаи Конститутсияи нави Қирғизистонро "поймолкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи инсон" номида, гуфт, он тавозунеро заиф месозад, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯистифода аз мақом пешбинӣ шудааст.

Дар изҳорот омадааст, муҳлате, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барои қабули Конститутсияи нав эълом кардааст, барои баррасии санад хеле кутоҳ аст ва порлумони амалкунандаи ин кишвар бояд тасвиби лоиҳаи нави Қонуни асосиро то интихоб шудани порлумони нав ба таъхир гузорад.

"Лоиҳаи Конститутсияи нав на ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи инсонро, ки мақомоти Қирғизистон мегӯянд, фаро мегирад. Бояд барои таҳияи ин гуна санад вақти лозимӣ ҷудо карда шавад, то дар он ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд тавре кафолат дода шавад, ки дар меъёрҳои байналмилалӣ омадааст",-изҳор доштааст пажӯҳишгари Human Rights Watch дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сийнат Султаналиева.

Созмон мегӯяд, дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президенти Қирғизистон тавсеа дода шудааст, ки хатарҳоеро дар пай дошта, ҳамзамон хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад.

HRW бар ин аст, ки мақомоти Қирғизистон бояд лоиҳаи Конститутсияи навро бозхонд карда, дар баррасии дубораи он назари ҳамаи шаҳрвандон, коршиносон ва Комиссияи Аврупоро ба инобат гиранд.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 3 март қонуни эъломи раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи навро дар қироати аввал ба тасвиб расонданд. Тибқи ин қонун, раъйпурсӣ рӯзи 11-уми апрели соли равон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG