Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тути калон". Як рамзи қадимии шаҳри Хуҷандро чӣ интизор аст? ВИДЕО


Тути калон дар Хуҷанд

Сокинони маҳаллаи "Тути калон" дар шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин ёдгории табиӣ, ки гумон меравад, беш аз 1000 сол умр дорад, дар ҳоли нобудист.

Онҳо ба муносибати эълони солҳои рушди сайёҳӣ борҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат карданд, то ин ҷойи дидании шаҳр обод ва нигоҳубин шавад, вале тағйире пеш наомадааст.

Баҳори имсол нашъунамои Тути калон мисли солҳои пешина нест ва сокинони маҳалла дареғ мехӯранд, ки барои нигоҳубини он имкони молӣ надоранд.

Абдуалӣ Алиев, раиси маҳаллаи Тути Калон, рӯзи 8-уми март гуфт, "дар вақташ шохҳои дарахтро бо арғамчини оҳанӣ (тросс) баста будаанд ва ҳоло шохҳояш хушк шуда дар болояш истодааст. Маслиҳат дода будем, гирди дарахтро панҷара гиранд ва зери шохҳое, ки ба болои кӯча қад кашидаанд, сутун монанд. То ҳол иҷро нашудааст."

Дар бораи ин дарахт ривоятҳои зиёд меоранд: Гуё замоне дарё аз ин ҷо мегузашт ва одамон заврақи худро ба он мебастанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, Темурмалик ба зидди нерӯҳои Чингизхон дар ин ҷо ҷангидааст. Бино ба нақли мардум, масҷиди назди тутро пас аз истилои муғулҳо сохтаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тути калони шаҳри Хуҷанд ба ҳимоят ниёз доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Файзиннисо Ҷабборова, сокини маҳаллаи Тути Калон мегӯяд, "як гурӯҳ аз занон аз Конибодом баъд аз мавсими пахтачинӣ ба назди ҳамин дарахт омада, хӯрок пӯхтаву дуо карда, мерафтанд. Онҳо аз гузашта шунида будаанд, ки ин дарахти "назаркарда" аст. Баъдан аз Русияву Узбекистон, Душанбе ва ҷойҳои дигар низ зиёд ба тамошо меомаданд."

Қутр ё доираи танаи Тути калон зиёда аз 8 метр буда, оғӯши даҳ нафарро пур мекунад. Баландияш 24 ва сояаш зиёда аз 300 метри мураббаъ аст. Он метавонад, яке аз маконҳои зиёрати сайёҳон бошад. Дар ҳар кишваре чунин дарахт ёдгории муҳими таърихӣ шумурда мешавад.

Сангинбой Қурбонов, мутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мегӯяд, "дарахти Тути калон дар Хуҷанд ва Чинорбобо дар ноҳияи Ашт аз миёни даҳ дарахти калонсолтарин дар Тоҷикистон ҷойи ҳаштум ва нӯҳумро ишғол мекунанд."

"Дар ҳақиқат, дарахтони таърихию фарҳангиро ба рӯйхат гирифта, таҳти назорати қатъӣ қарор додем. Тути калонро ҳам, ки садсолаҳо умр дорад, ба ҳисоб гирифтем. Нақша дорем, дар соли 2021 гирдашро иҳота карда, ҳамчун дарахти таърихӣ ба сайёҳон муаррифӣ намоем", -- илова кард Бунёд Абдумаликзода, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд.

Чанде пеш масъулони Идораи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ҳоло бештар ба шинондани дарахтони наву хориҷӣ бартарӣ дода мешавад ва соли гузашта қариб 50 ҳазор ниҳол шинондаанд. Аммо аз муроҷиати сокинон низ огоҳанд ва дастбакор хоҳанд шуд.

Дар шимоли Тоҷикистон 110 дарахти кӯҳансол мавҷуд буда, сетои онҳо дар Хуҷанд воқеанд, вале Тути калон яке аз рамзҳои қадимии шаҳр ба шумор меравад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG