Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Чин гуфт, кишвараш ба фишорҳои беруна гузашт намекунад


Ван Йи, вазири хориҷаи Чин
Ван Йи, вазири хориҷаи Чин

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 7-уми март дар нишасти матбуотии солонааш аломат дод, ки раҳбарияти ин кишвар ба фишорҳои беруна сар хам намекунад ва ҳимояти манфиатҳои худро ҳамчунон идома хоҳад дод. Нашрияи фаронсавии “Монд”, ки ин суханрониҳо таҳлил кардааст, мегӯяд, давоми 1 соату 40 дақиқа дипломати аршади чинӣ ба таври рӯшан паём дод, ки Пекин “аз рӯи ҳеҷ кадом масъала гузашт нахоҳад кард”. Ин мавқеи ӯ ба масъалаҳои Шинҷон, Ҳонгконг ва Тайван, инчунин ба мавзӯи озодии ҳаракат дар баҳри Ҷанубии чинӣ, баҳсҳои қаламравҳо бо Ҷопон ва ихтилофҳои сарҳадӣ бо Ҳинд рабт дорад. Хабарнигорон ба ҳарфҳои вазири чинӣ дар бораи нақши ҳизби Коммунистии ин кишвар аҳамият додаанд. Ван И гуфтааст, ки нақши ҳизби коммунистӣ “асосӣ” мебошад. Соли 2021 ҳизб садсола мешавад ва ба гуфтаи вазири хориҷаи Чин, ин сана таконбахши “корҳои азими ҳазорсолаҳои баъдӣ” хоҳад шуд. Дар Чин мақомот ба ин назаранд, ки кишварҳои мунаққиди Пекин нияти нек надоранд. Масалан, гуфтааст вазир, Ҳинд аз “амалҳои таҳрикомези якҷониба” кор мегирад ва ин чиз, ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли баҳсҳои қаламравҳо мусоидат намекунад. Пекин инчунин Ҷопонро ҳушдор дод, ки аз истифодаи нирӯ ба муқобили Чин истиқолат кунад. “Монд” мегӯяд, вазир аз Токио хостааст, ки Чинро “беғаразона ва оқилона” қабул карда ба хато роҳ надиҳад.

Оҷонсии Интерфакс ба сӯҳбатҳои вазири хориҷа дар бораи Русия таваҷҷӯҳ кардааст. Ван И гуфтааст, ки “Чин ва Русия ҳамеша такягоҳи сулҳу субот дар ҷаҳон буданд” ва “ҳамкории Чину Русия қотеътар хоҳад шуд”. Ӯ гуфтааст, “ин на танҳо таҷрибаи таърихӣ, балки тақозои замон аст”.

Ғарб солҳои охир Чинро барои саркӯб ва дар қароргоҳҳои бозтарбия ҷой додани 1 миллион мусалмонони вилояти Шинҷон, аксар уйғурҳо ва ҳам поймолкунии озодиҳои сокинони Ҳонгконг интиқод мекунад.

XS
SM
MD
LG