Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ паёми мардон ба модарони тоҷик. ВИДЕО


Радиои Озодӣ дар Рӯзи Модар, ки ҳар сол 8-уми март таҷлил мешавад, паёми зиёде барои занону модарон гирифт, аммо ҳоло навори панҷ нафари онҳоро нашр мекунад. Яке аз онҳо аз занони пизишк ситоиш карда, дигаре хидмати модару ҳамсарашро сутудааст. Навору матни паёмҳоро дар инҷо бинед ва хонед:

Панҷ паёми мардон ба модарони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:42 0:00

ОЗАР САЛИМ, ШОИР:

"Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек

Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.

Таманноям он аст, ки модарон ҳамеша саломат бошанд. Хоҳарони мо ҳамеша солим бошанд. Ҳамсарони мо шод бошанд. Бидуни онҳо зиндагии мардон ҳеч рангу бӯе надорад."

САИДҶАЪФАР УСМОНЗОДА, РАИСИ ҲДТ ВА ВАКИЛ:

"Олиҳаи зиндагии ман, пеш аз ҳама, модар аст. Дар дину фарҳанги мо офаранда парвардигор аст, модар низ созанда аст. Дар дунё рӯзи зан таҷлил карда мешавад. Ба зан эҳтироми зос доранд. Зан дар ҷомеаи мо мавқеи хос дорад. Дар тамоми сохторҳо кор мекунанд."

АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА, РАИСИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО:

"Ростӣ, ҷашни 8-уми март, рӯзи занонро дар як марҳилаи комилан мутафовит (фарқкунанда) аз солҳои қабл пешвоз мегирем. Мо дар марҳилаи пасазковидӣ ҳастем. Олиҳае, ки имсол мехоҳем, табрик кунам, пизишкони зан ҳастанд. Онҳоро барои мубориза ва пирӯзиашон дар корзори коронавирус табрик мегӯям. Бигзор ханда аз лабонашон канда набошад. Дар канори хонаводаву дӯстдоштаҳояшон ҳамеша шоду харсанд бошанд."

САЪДӢ ЮСУФӢ, ТАҲЛИЛГАРИ ТОҶИК:

"Ман дар зиндагӣ чанд олиҳа дорам, ки аввалини инҳо модари ман аст. Дар ин лаҳзаҳои Иди модарон барояш таманно ва дуои саломатӣ дорам. Худованд ҳамеша сиҳҳату саломаташ бидорад. Дар иҳотаи фарзандону наберагонаш бошад. Олиҳаи дигари зиндагии ман ҳамсари азизам ҳаст, ки барои ӯ ҳам таманнои сиҳҳатӣ дорам. Илоҳаҳои хурдакаке ҳам дорам, ки ҳарду мактабхон ҳастанд. Ба онҳо дар дараҷаи аввал орзу дорам, ки инсонҳои бокамолу донишманде ба воя бирасанд. Дарсу таҳсилашонро ба таври бояду шояд фаро гиранд ва дар оянда духтарону модарони хубе бошанд. Манбаи хидматгузорӣ ба халқу ватани худ бошанд."

АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ, ОВОЗХОН:

"Модари ман 81-сола ва зани бисёр оқилу фозил ва донишманд ҳастанд. Бисёр шогирдони зиёд доранд. Модар ҳам азизанд, ҳам бузурганд. Ҳамаи дунёи ман модарам ҳастанд. Ман дар Бадахшону Кӯлобу Қӯрғонетппа ва Ашту Исфараву Хуҷанд ҳам модар дорам. Як бор шӯхӣ карда, гуфтам, дар баҳор номи ман Афзалшоҳ неву Ғуломшоҳ. Моҳи марту апрелу май ман ба ҳамаи занҳо ғулом мешавам.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,

Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои модар."

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG