Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонеро, ки дар Душанбе ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Мақомоти интизомӣ Сайфиддин Баҳриддинзода, як масъули додситони ноҳияи Шоҳмансури Душанберо, ки пас аз айбдор шудан ба қаллобӣ фирор карда буд, боздошт кардаанд.

Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфт, “Баҳриддинзода ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муввақатии ШВКД-и ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад”.

Дар куҷо ва дар чӣ шароите боздошт шудааст, ҳоло дақиқ нест.

Додсититонии кулли Тоҷикистон охири моҳи феврал нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” айб эълон кард.

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ аз мақомоти тафтишотӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки “дар ҳашт ҳолат ҷабрдидаҳо шаҳодат додаанд, ки Баҳриддинзода аз онҳо маблағ ситонидааст”.

Сайфиддин Баҳриддинзода моҳи январ ёрдамчии додситони ноҳия Шоҳмансур таъин шуд ва аз ин пеш дар додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор мекард.

Ба гуфтаи мақомот, нисбат ба ӯ замоне парванда боз шуд, ки нафаре бо номи Давлатшоҳ Гиёев, як сокини Душанбе бо гумони талаби пора аз як тоҷир боздошт шудааст. Ин нафар шоҳидӣ додааст, ки ӯ бо супориши Баҳриддинзода ин корро анҷом додааст.

Назриддин, нафаре, ки худро аз хешовандони додситони боздоштшуда унвон кард, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "умедворанд, ки тафтиш одилона мешавад".

Ӯ гуфт, "бисёре аз гапҳо нисбат ба Баҳриддин тӯҳмат аст ва бовар дорем, ки суд бегуноҳиашро исбот мекунад".

Ҳафтаи гузашта низ нисбат ба Манучеҳр Аҳмадзода, писари Музаффар Аҳмадзода, муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасод, ки дар шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон ва ҷавонон дар Додситонии Суғд кор мекард, парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Ӯ низ ба қаллобӣ айбдор шудааст, вале бо шарти берун нашудан аз маҳли зист дар озодӣ қарор дорад. Назари ӯ ва ё пайвандонаш ба қазия маълум нест.

Манчеҳр Аҳмадзода то моҳи январи имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард.

Додситонӣ, ки вазифаи назорати иҷрои қонунҳоро дар ихтиёр дорад, ниҳоди калидӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Боздошти кормандони додситонӣ дар ин кишвар хеле кам иттифоқ меафтад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG