Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари муовини раиси Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам шудааст


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Як корманди Додситонии вилояти Суғдро ба қаллобӣ муттаҳам карда, ба зидди ӯ парванда кушодаанд, вале манобеъ мегӯянд, "феълан дар озодӣ аст".

Манучеҳр Аҳмадзода, писари Музаффар Аҳмадзода, муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасод аст ва дар шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон ва ҷавонон дар Додситонии Суғд кор мекард. Назари ӯ ва ё пайвандон ба қазия маълум нест.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 4-уми март гуфтанд, Додситонии кул ба зидди ӯ парванда боз кардааст ва таҳқиқи он идома дорад. Қаллобие, ки бо он Аҳмадзодаро гумонбар медонанд, ба замони кораш дар ноҳияи Рӯдакӣ рабт дода мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳом ба зидди Манучеҳр Аҳмадзодаро шарҳ надоданд, аммо як масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 4‑уми март гуфт, "парвандаш ба тақсими нодурусти замин дар ин ноҳия рабт дорад".

"То аввали ҳамин сол ёвари прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд ва зиёда аз панҷ сол кор кард. Намояндаҳои Прокуратураи генералӣ омада, бо мо суҳбат карданд ва гуфтанд, нисбат ба ӯ барои даст доштан дар тақсими нодурусти замин тафтиш идома дорад", ‑‑ илова кард ин масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ. Мусоҳибони мо бо сабаби ҳассос будани мавзуъ нахостанд, номашон ошкор шавад.

Радиои Озодӣ дар моҳи ноябри соли гузашта дар заминаи тақсими шубҳаовари замин таҳқиқ анҷом дод. Дар пайи он Рустам Акрамзода, раиси пешини ноҳияи Рӯдакиро аз мансаб барканор карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ин таҳқиқот гуфт, "гуруҳи корӣ масъалаи заминфуруширо дар ноҳияи Рӯдакӣ месанҷад."

Дар як ҳафтаи охир ин корманди дувуми Додситонӣ аст, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Аз ин пеш, мақомот гуфтанд, Сайфиддин Баҳриддинзода, дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансурро бо айни иттиҳом таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.

XS
SM
MD
LG