Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сайёдони тоҷик гуфтанд, барои посбонии марз омода бошанд. ВИДЕО


Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ҳамлаҳои пайиҳами ҷангҷӯёни Толибон ва гуруҳҳои дигари тундрав ба минтақаҳои марзии Афғонистон, мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, барои кумак дар тақвияти посбонии сарҳад ба мардум ва шикорчиён муроҷиат намоянд. Аз ҷумла, мақомоти ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин, ки онро рӯди пуртуғёни Панҷ аз ноҳияи Хоҳони Афғонистон ҷудо мекунад.

Ин тарафи марз ором аст, вале бо афзудани бедодгарии ифротгароён мақомоти тоҷик бо сарбозони эҳтиётӣ ва сайёдоне, ки дар деҳоти наздик ба марз зиндагӣ мекунанд, суҳбату машварат анҷом медиҳанд.

Мақомот дар ин ноҳия ва дигар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон мегӯянд, дар сурати таҳдид аз он сӯйи марз ба онҳо силоҳ медиҳанд, то ватанро аз душман ҳифз кунанд.

Ба сайёдони тоҷик гуфтаанд, барои посбонии марз омода бошанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар ин бора чанде пеш дар нишасти хабариаш суҳбат кард ва гуфт: "Мо дар мувофиқа бо Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамон шикорчиёнеро, ки дар сарҳад ҳастанд, ба қайд гирифтем. Агар лозим шавад, яроқ мегиранд ва мо ҳам яроқ гирифта, меравем. Ин ватандорӣ аст."

Аввали моҳи марти соли 2020 ба ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон аз самти Афғонистон тир рехт. Тиру мушак ба хонаҳои ду сокини деҳаи Рузвай ва мактаби деҳ афтодаанд, вале касе осеб надид.

Тирҳо ҳангоми ҷанги нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон ба ин тараф гузаштаанд. Имсол низ айни ҳодиса дар ҳамин минтақа рух дод. Толибон чанд рӯз пеш ба як посгоҳи сарбозони афғон ҳамла карда, кушта шудаанд. Дар байнашон, ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, ду ҷангҷӯи тоҷик ҳам будааст.

Почохон Зарифзода мегӯяд, "мо ҳамаи гапҳоро гуфтем, зеро ноҳияи сарҳадӣ ҳастем. Инчунин, бо захираҳои эҳтиётии худ суҳбат кардаем. Лозим шавад, ҳама ба по мехезем."

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тақрибан 1400 километрӣ дорад. Ҳарчанд бисёре аз гӯшаҳояш душворгузаранд, манотиқи осонгузар ҳам дорад.

Солҳои охир убури ҷангҷӯёну тундравон аз Афғонистон ба Тоҷикистон мушоҳида нашудааст, вале задухӯрд бо қочоқбарони маводи мухаддир зиёд такрор мешавад. Дар задухӯрдҳо чанд сарҳадбони тоҷик низ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG