Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соли 2021 чиро интизор аст? Баъзеҳо мегӯянд, интиқоли қудратро


Кохи Миллат, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон онҷо менишинад.

Ба назар мерасад, ки соли 2021 барои Тоҷикистон соли озмоишҳои сахте хоҳад буд. Дар ин аз сол Тоҷикистони мустақил 30-сола мешавад. Ҳукумат ваъда додааст, ки то рӯзи таҷлили 30-солагии истиқлол даҳҳо иншооти зербиноӣ месозад, ҷойҳои нави корӣ меофарад.

Раисҷумҳур рамзи “30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кардааст. Зоҳиран мақомот мехоҳанд, дар соли 2021 ҳукумат сатҳи баланди субот ва эътимоди ҷомеа ба худро нишон бидиҳанд, аммо ҳамагирии коронавирус ин корро барои онҳо душвор кард. Яке аз муҳимтарин рӯйдод ба ақидаи коршиносон гузоштани қадами нахустин дар роҳи интиқоли қудрат ба вориси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мешавад.

Рӯзноманигор Раҷаб Мирзо тахмин мезанад, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баъди пирӯзӣ дар интихоботи соли 2020 дар 30-солагии истиқлол ширкат мекунад ва сипас аз мақомаш истеъфо дода, қудратро ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ медиҳад. Ба ақидаи хабарнигор, ин гуна тасмим шояд бо назардошти таҳавуллоте бошад, ки 10 сол қабл дар Шарқи Наздик оғоз шуд ва то кунун идома дорад.

Ӯ менависад: “Аз сӯи дигар ин кишварҳои авторитариву диктаториро ба андешидани тадбир водор мекунад. Дигар хел шуданаш мумкин нест. Зеро имкони пайовардҳои монанд дар ҳар кадоми онҳо вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар яке ба таври худ, ё то андозаи фаҳмишу дарк ислоҳот, ё ба ном ислоҳот роҳандозӣ мекунанд.”

Коршиносони наздик ба доираҳои ҳукуматӣ маъмулан дар бораи интиқоли қудрат аз додани назар ё худдорӣ мекунанду онро ҳадсу гумон медонанд, ё ин эҳтимолро комилан истисно медонанд.

Шореҳи сиёсӣ Иршод Сулаймонӣ ин гуна эҳтимолро дар соли 2022 аз воқеият дур намедонад, ки он замон Эмомалӣ Раҳмон ба синни 70 мерасад. Аммо ба назари вай, иҷро кардани ин тарҳ сол ба сол мушкилтар мешавад. “Аз нуқтаи назари иҷтимоиву иқтисодӣ соли 2021 соли душворе хоҳад буд. Дар ин гуна шароити душвор даст ба тасмимҳои сарнавиштсоз задан чандон мантиқӣ наменамояд. Аз сӯйи дигар, сол то сол масъалаи интиқоли қудрат дар дохили хонавода бо дар назар гирифтани равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва минтақавӣ ҳассостар мешавад” - мегӯяд Сулаймонӣ.

Рейтинги рӯ ба пойин

Вале гузашти солҳо ба рейтинги ҳукумат ҳам таъсир мегузоранд. Ҳамагирии коронавирус ба таври қобили мулоҳиза ба сатҳи огоҳии мардум асар гузошт. Монополияҳои бузург, ки бино ба маълумоти гуногун ба наздикони раисҷумҳур ва доираҳои дигари ҳукуматӣ тааллуқ доранд, сарфи назар аз буҳрони мавҷуд мол ва хидматрасониҳои худро бо нархи гаронтар ба мизоҷон пешкаш мекарданд.

Боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ бо пайомадҳои давомдори иҷтимоӣ, тавре таҷриба нишон медиҳад, тиҷоратҳои бузурги наздик ба ҳукуматро нигарон накард ва тавонмандии президент барои таҳти назорат гирифтани доираҳои тиҷоратии ба ӯ наздикро зери савол қарор дод.

Рӯзноманигор Марат Мамадшоев фаъолияти монополияҳои бузургро ба қонуни “капитализми ваҳшӣ” марбут медонад ва ба алоқамандии онҳо ба ҳукуматдорон ишора мекунад. "Бо ин тафаккур, агар бишавад 200% даромад гирифт, ин афрод сарфи назар аз пайомадҳои иҷтимоии фаъолияташон талош мекунанд, то ин фоидаро ба даст оранд. Гуфтан душвор аст, ки чаро ҳукумат онҳоро назорат намекунад, зеро онҳо худи ҳукуматанд" - мегӯяд Мамадшоев.

Ба назари вай, агар чора андешида нашавад, соли оянда вазъ бадтар мегардад ва субот вобаста аз дараҷаи сабру таҳаммули мардум хоҳад шуд.

Хатарҳои иқтисод

Ба бад шудани вазъи иқтисод на танҳо расонаҳои маҳаллӣ ишора мекунанд. Пойгоҳи Eurasianet дар гузорише, ки 18-уми декабр нашр кард, менависад, ки агар дар солҳои маъмулӣ сеяки Тоҷикистон дучори камғизоӣ буд, пас ҳоло имкон дорад, ин қишр бештар шавад. Дар матлаб дар бораи то 40% кам шудани маблағҳои муҳоҷирон ва 57% кам шудани рафтани муҳоҷирон ба Русия гуфта мешавад, ки ба сатҳи зиндагии шаҳрвандон асар мегузорад.

Муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадов мегӯяд: “Мутаносибан сатҳи фақр ҳам боло меравад, ки ба суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа таъсир мегузорад. Мушкилоти ҳамкории доираҳои тиҷоратӣ бо элитаи ҳукумрон тезутунд мешавад ва талошҳо барои дастёбӣ ба захираҳои хеле маҳдуд сурат мегирад. Мушкили дигар ин қарзи берунӣ аст, ки метавонад то 50%-и ММД бирасад. Барои ҳукумат гирифтани ёриҳои молиявии берунӣ ва қарзҳо, мушкилтар хоҳад шуд. Баргардонии қарзҳои берунӣ тибқи уҳдадориҳо мушкил хоҳад шуд. Мешавад дар соли 2021 интизор дошт, ки Тоҷикистон дар пардохти қарзҳояш оҷиз мемонад.”

Дар соли 2021 норасоии арз ҳамеша ҳис мешавад, ки таъсири баде ба рушди соҳибкории хусусӣ мегузорад. Сатҳи ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо баробар карда мешавад. Ҳукумат зарфиятҳое дар ихтиёр надорад, ки битавонад, вазъи ба вуҷуд омадаро тағйир диҳад.

Ба гуфтаи коршинос, ҳукумат натавонист, як низоми ҳирфаии муассири мудирияти молияи давлатиро бисозад ва аз нигоҳи сиёсӣ омода нест, ин иштибоҳи худро бипазирад ва мисли пештара ба қарзгирии берунӣ такя мекунад, ки кишварро ба дефолти қарзӣ мебарад. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ инро истисно намедонад, ки дар сурати пайвастани Узбекистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, эҳтимол Душанбе ҳам равобити худро ба ин созмон бознигарӣ кунад.

Ҷашни замони пандемия

Сарфи назар аз мушкилот ба назар мерасад соли 2021 саршор аз ҷашнҳо хоҳад буд. Дар баробари ҷашни истиқлол, Тоҷикистон садорати Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро низ дорад, ки эҳтимолан бо шукуҳу шаҳомати хосе ин санаҳоро истиқбол мекунад.

Дар буҷаи соли 2021 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш зиёда аз 1 миллиард сомонӣ хароҷот пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо баробар ба хароҷоти рушди кишоварзӣ, саноат ва бахши сохтмон хоҳад буд. Чӣ гуна ҷомеъа чунин тасмимҳои ҳукуматро қабул ва баҳогузорӣ мекунад, маълум нест.

Дар кишвар назарсанҷиҳои мустақили ҷомеашиносӣ гузаронида намешавад. Аммо бино ба созмондеҳии дидори раисҷумҳур бо мардум тафовути ҷиддии аз давраҳои то буҳрон дида намешавад. Ба гуфтаи коршиносон, бад шудани вазъи иқтисодӣ қишри норозиро дар дохил зёдтар мекунад.

«Мунтақидон дар воқеъ бисёртар мешаванд. Хусусан дар пасманзари норасоии барқ ва боло рафтани нархи маҳсулот. Мантиқан бад шудани вазъ метавонад, ба пайдоиши мухолифини пинҳонкор ва “сахт тоб додани мурватҳо” аз сӯйи мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ биоварад” - тахмин мезанад як сиёсатшиноси мустақил аз Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад.

Дар соли 2020 вазъ дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марз дорад, бад шуд. Ба гуфтаи мансабдорони кишвар, дар ин минтақа гуруҳҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро зодагони Тоҷикистон раҳбарӣ мекунанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо борҳо ҳукуматро барои он ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ҳуқуқи дигарандешонро нақз мекунад, интиқод кардааст. Душанбеи расмӣ ин гуна мавзеъгириҳоро беасос медонад ва бархӯрди худро ба нигаҳдории амнияту субот рабт медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG