Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз садамаи домоди Мирзиёев дар хадамоти муҳофизати президенти Узбекистон тафтиш шуруъ шуд


Отабек Умаров
Отабек Умаров

Баъд аз садамаи Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, дар Хадамоти давлатии муҳофизати президенти Узбекистон тафтиш шуруъ шудааст. Манобеъ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир варзишкороне, ки бо Умаров пойга ташкил карда буданд, зери назорат гирифта шудаанд. Ин варзишкорон дар "Вайрон кардани тартиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ё истифодаи воситаи нақлиёт" гумонбар мешаванд.

Мирзиёв дастур додааст, дар бораи фаъолияти домод ва муҳофизаш дар моҳҳои охир гузориш таҳия карда шавад. Ба гуфтаи манбаи дигар, мототсикле, ки Отабек Умаров бо он садама кард, дар вақти ҳодиса бо суръати 180 километр дар соат ҳаракат мекард.

Отабек Умарови 36-сола баъд аз садама, ки шоми 13 феврали имсол рух дод, 15-уми феврал бо як ҳавопаймои махсус нахуст ба Маскав ва сипас ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол дода шуд.

Умаров аз соли 2012 то 2016 дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, фаъолият дошт ва бо забони куриёӣ озодона суҳбат мекунад. Вай баъд аз садама гуфтааст, мехоҳад, дар Куриёи Ҷанубӣ табобат гирад.

Отабек Умаров, ки ҳамзамон муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлати Узбекистон аст, шоми 13-уми феврал дар маркази шаҳри Тошканд ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Манобеъ мегӯянд, ӯ бо мототсикл садама карда, пояш ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар шифохонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешавад, пойи рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Сомонаи flightaware.com, ки ба пайгирии парвози ҳавопаймоҳо машғул аст, нишон медиҳад, ҳавопаймои як ширкати хусусии тиббӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ба Тошканд омада, рӯзҳои 14 ва 15-уми феврал дар фурудгоҳи Тошканд қарор доштааст.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯйи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG