Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу дар ҳамла ба киштии исроилӣ Эронро гунаҳкор кард. Теҳрон напазируфт


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, иддао кард, ки ҳамла ба як киштии боркаши кишвараш дар Халиҷи Уммон кори дасти Эрон аст. Дар як мусоҳибае, ки радиои Кан рӯзи 1-уми март нашр кард, Бенямин Нетаняҳу гуфт: "Дар воқеъ, ин амалиёти Эрон буд. Ин аён аст."

Эрониҳо чӣ бо созиши атомӣ ва ё бидуни он соҳиби силоҳи атомӣ намешаванд. Ман инро ба дӯстам, Байден, гуфтам.
Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазири Исроил, ки дар бораи ҳамлаи ҳафтаи гузашта суҳбат мекард, Эронро бузургтарин душмани кишвараш номид ва афзуд: "Азм дорам, пеши роҳи онро бигирам." Дар посух ба ин суол, ки оё Исроил барои ин ҳамла аз Эрон ниқор мегирад, Бенямин Нетаняҳу гуфт: "Мо дар тамоми минтақа зарба мезанем."

Аммо Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 1-уми март иддаои Нетаняҳуро рад кард ва гуфт, ӯ гирифтори "бемории ҳаросгунае дар бораи Эрон аст."

"Эрониҳо соҳиби силоҳи атомӣ намешаванд"

Нахуствазири Исроил ҳамчунин дар бораи барномаҳои атомии Эрон суҳбат карда, гуфтааст, Эрон ҳеч гоҳ соҳиби силоҳи атомӣ намешавад ва ӯ ин масъаларо бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, баррасӣ кардааст. Нетаняҳу гуфтааст: "Эрониҳо чӣ бо созиши атомӣ ва ё бидуни он соҳиби силоҳи атомӣ намешаванд. Ман инро ба дӯстам, Байден, гуфтам."

Дар киштии боркаши исроилии МВ Ҳелиос Рей, ки аз бандари Даммом аз Арабистони Саудӣ ба Сингапур шино мекард, рӯзи 25-уми феврал таркиш рух дод. Айни замон ин киштӣ дар Дубай лангар андохтааст ва гуруҳи мутахассисони исроилӣ барои таҳқиқи он рафтаанд.

Бенни Гантз, вазири дифои Исроил, рӯзи 27-уми феврал гуфт, ба эҳтимоли ғолиб бомбгузорӣ кори дасти Эрон аст. Ҳарчанд дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст, як бари баданаи он 1.5 метр сӯрох шудааст. Бенни Гантз гуфт, маълум буд, ки Эрон дар пайи ҳадаф гирифтани зербунёдҳо ва шаҳрвандони Исроил аст.

Муҳсин Фахризода
Муҳсин Фахризода

Эрон қатли яке аз физикҳои маъруф ва аз меъморони барномаҳои атомии кишварро кори дасти Исроил номида ва гуфтааст, барои ин кор аз Исроил қасос мегирад. Муҳсин Фахризода моҳи ноябри соли гузашта дар натиҷаи як сӯиқасд кушта шуд.

Ҳамла ба гуруҳҳои шарики Эрон дар Сурия

Айни замон расонаҳои давлатии Сурия гузориш доданд, ки ҳавопаймоҳои Исроил ба таъсисоте дар ҷануби Димишқ зарба задаанд. Исроил то кунун ба таъсисоти эронӣ ва мавқеъҳои гуруҳҳои шарики Эрон дар Сурия садҳо бор ҳамла карда, гуфтааст, ки ҳадаф аз ин ҳамлаҳо роҳ надодани Эрон ба наздики сарҳади Исроил аст.

Таркиши киштии Исроил ҳамзамон бо ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба гуруҳҳои мусаллаҳи шарики Эрон дар шарқи Сурия рӯзи 25-уми феврал сурат гирифт. Иёлоти Муттаҳида ин гуруҳҳоро масъули ҳамлаҳо ба манофеи худ дар Ироқ мешуморад.

Ин ҳодисаҳо дар замоне иттифоқ афтоданд, ки танишҳо миёни Амрикову Эрон ба сабаби сарнавишти номаълуми созиши атомӣ бо Эрон авҷ гирифтааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, соли 2018 кишварашро аз ин созиши имзошуда дар соли 2015 хориҷ кард ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди Эронро баргардонд.

Дар посух ба ин, Теҳрон низ аз иҷрои баъзе аз бандҳои ин созиш даст кашид. Раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, гуфтааст, омодаи гуфтугӯ бо Эрон барои бозгашт ба созиш аст, вале ду тараф таъкид доранд, ки яке аз дигарӣ бояд дар ин самт аввал қадам бардорад. Эрон мехоҳад, Амрико таҳримоти иқтисодиро аз миён бардорад, вале Амрико мегӯяд, аввал Теҳрон бояд ба иҷрои созиш баргардад. Исроил яке аз сарсахттарин мухолифони созиши атомӣ бо Эрон аст.

XS
SM
MD
LG