Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Афғонистон се узви хонаводаи рӯзноманигорро куштанд


Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон (AIHRC) рӯзи 28-уми феврал гуфт, як фармондеҳи Толибон се узви оилаи рӯзноманигори кушташударо дар маркази вилояти Ғур ба қатл расондааст.

Рӯзноманигор Бисмиллоҳ Одил Аймоқ сардабири як радиои хусусӣ дар вилояти Ғур буд ва дар аввали моҳи январи имсол аз ҷониби афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуд.

Рӯзи 25-уми феврал афроди мусаллаҳ ба хонаи падари Аймоқ дар канораи Фирузкӯҳ ҳамла карданд. Сабаби ҳамла ҳанӯз рӯшан нест. Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон хабар дод, ки илова бар се нафари кушташуда, ҷангҷӯёни Толибони чаҳор нафарро маҷрӯҳ карда, се узви дигари хонаводаро рабудаанд.

Комиссияи мазкур аз мақомоти Афғонистон даъват кард, ки ин қазияро тафтиш кунанд. Масъулияти ҳамла ба хонаводаи Аймоқро ҳеҷ гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст. Рӯзи 26-уми феврал сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, Толибон дар ташкили ҳамла даст надоранд. Моҳҳои охир ҳамла ба рӯзноманигорон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши "Созмони Ҳимояткунадаи Расонаҳои Озоди Афғонистон" - як пойгоҳи мониторинги ВАО дар Кобул, давоми соли 2020 ҳадди ақал 11 корманди васоити ахбори умум дар Афғонистон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон дар ташкили ҳамлаҳо Толибонро айбдор мекунад. Гурӯҳи мусаллаҳ даст доштани худро рад мекунад.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RSF) мегӯяд, Афғонистон ҳоло яке аз минтақаҳои хатарзо дар ҷаҳон барои рӯзноманигорон аст.

XS
SM
MD
LG