Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: ИМА ҷузъиёти қатли Хошуқчиро нашр кард


29 сентябри соли 2018. Ҷамол Хошуқчӣ
29 сентябри соли 2018. Ҷамол Хошуқчӣ

Дар гузориши хадамоти вижаи ИМА, ки ҷузъиёти куштори бераҳмонаи журналист Ҷамол Хошуқчиро таҳқиқ кардаанд, гуфта шудааст, ки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад Бил Салмон, ба эҳтимоли ғолиб, фармоишгари куштор буд ваё ҳадди аққал ба ин куштор ризоият додааст. Дар ин бора рӯзи 25 феврал матбуоти амрикоӣ хабар дод. Ҷамол Хошуқчӣ, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарду бо мақолаҳои интиқодиаш дар ҳақи раҳбарияти Арабистони Саудӣ ном бароварда буд, соли 2018 дар дохили консулгарии саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди ин куштор ҷасади ӯро пора-пора карда, аз дохили консулгарӣ берун бурданд ва то ҳол осоре аз ҷасади ӯ пайдо нашудаанд. Баъди куштори Хошуқчӣ аввал шуда бисёриҳо валиаҳди саудӣ Муҳаммадро ҳамчун фармоишгари эътимолии куштор номиданд. Валиаҳд даст доштанаш дар ин кушторро рад кардааст. Арабистони Саудӣ аввал талош кард, ки кушторро рад кунад, вале баъди чанд вақт инро эътироф кард. Мақомоти саудӣ гуфтанд, ки кормандони хадамоти вижаи консулгарӣ бо ташаббуси худ амал мекарданд ва кори онҳоро ба додгоҳ супурданд.

Оилаи Хошуқчӣ бо нашри як изҳорот хост, ки қотилони журналист афв шаванд. Қонунҳои саудӣ мегӯянд, ки дар чунин ҳолат қотилонро ба марг маҳкум намекунанд. Дар ниҳоят, ҳамаи муҷримон дар ин қазия ба мӯҳлатҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд.

Дар гузориши хадамоти вижаи Амрико гуфта шудааст, ки исбот ё далели мустақими даст доштани валиаҳд дар ин куштор дастрас нашуд, вале хадамоти вижа таъкид мекунанд, ки чунин амалиёт наметавонист бе ризоияти Муҳаммад бин Салмон, як раҳбари бонуфуз анҷом шавад.

Дар хабарҳо гуфта шуд, ки президенти ИМА Ҷо Байден бо ҷузъиёти ин гузориш ошно шуд ва ният дорад, ки ин мавзӯъро телефонӣ бо шоҳ Салмон баррасӣ кунад. Қаблан Байден аз зарурати бозбинии робитаҳо бо Риёз, як муттафиқи ИМА дар минтақа гуфта буд.

XS
SM
MD
LG