Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон аз мушакборони муассисаҳои ҷангҷӯёни марбут ба Эрон дар Сурия хабар дод


19 феврали соли 2021. ТВ Kurdistan-24 ҳолати баъди ҳамлаи мушакӣ болои як пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Ирбилро ба навор гирифтааст
19 феврали соли 2021. ТВ Kurdistan-24 ҳолати баъди ҳамлаи мушакӣ болои як пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Ирбилро ба навор гирифтааст

Пентагон гуфт, ки дар шарқи Сурия муассисаҳои марбут ба ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эронро мушакборон кардааст. Вазорати дифои ИМА рӯзи 25 феврал гуфт, ки мушакҳо дар посух ба мушакборонҳои моҳи феврал болои як пойгоҳи ироқӣ буд, ки дар он нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ мустақар шудаанд. Пентагон дар изҳороташ гуфт, ки ин амалиёт паёми рӯшане дорад, ки мегӯяд, «Президент Байден барои ҳимоят аз ҳуқуқи низомиёни амрикоиву эътилофӣ иқдом мекунад».

Дар изҳорот омадааст, ҳамлаҳо ба “чандин муассисае” дар марзи Сурияву Ироқ нигаронида шуданд, ки аз ҷониби низомиёни мавриди ҳимояти Эрон, аз ҷумла гурӯҳҳои шиаёни Ироқ бо номи “Катаиб Ҳизбуллоҳ” ва “Катаиб Сайид аш-Шуҳадо” назорат мешаванд.

Пентагон нагуфт, ки то куҷо гурӯҳҳои ҷангӣ дар ин ҳамлаҳо осеб диданд ё на. Вале созмони суриягии нозири ҳуқуқи башар гуфт, дар паи асобати мушакҳо ба се мошини ҷангии пур аз муҳимот, ки аз Ироқ меомад, 17 узви як воҳиди низомии марбут ба давлати Ироқ кушта шуданд. Ба узвияти ин нирӯи ниманизомӣ асосан гурӯҳҳои ҷангии шиамазҳаб шомил мешаванд.

Амалиёти мазкур дар ҳоле анҷом шуд, ки ахиран се ҳамлаи мушакӣ рух дод. Рӯзи 15 феврал дар натиҷаи мушакборони фурудгоҳи байналмилалии Ирбил дар маркази минтақаи нимамухтори Курдистони Ироқ як корманди мулкӣ кушта ва як низомии амрикоӣ ва чанд сарбози эътилофӣ маҷрӯҳ шуданд. Дар мушакборони дигар болои пойгоҳи нирӯҳои амрикоӣ дар шимоли Бағдод ҳам чанд рӯз баъд дасти кам як нафар кушта шуд. Як ҳамлаи дигари мушакӣ аввали ҳафтаи ҷорӣ сафорати ИМА дар Бағдодро ҳадаф қарор дод.

XS
SM
MD
LG