Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон фазо пуртаниш боқӣ мемонад


25 феврал, майдони Республикаи шаҳри Ереван. Нахуствазир Никол Пашинян дар баробари тарафдоронаш сӯҳбат мекунад
25 феврал, майдони Республикаи шаҳри Ереван. Нахуствазир Никол Пашинян дар баробари тарафдоронаш сӯҳбат мекунад

Як рӯз баъди он ки нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низомиёнро дар талоши сарнагун кардани давлат гунаҳгор карду ғарбу Русия ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намуданд, фазо пуртаниш боқӣ мемонад. Пашинян шоми 25 феврал хитоб ба 20 ҳазор тарафдоронаш дар Ереван гуфт, иҷоза намедиҳад, ки нирӯҳои мусаллаҳ мудохила кунанд. Ин посухи Пашинян дар вокуниш ба талаби истеъфои нахуствазир садо дод, қаблан чунин талабро гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Арманистон ҳам ба забон оварданд.

Рӯзи 26 феврал ҳам мухолифон, ки 10 ҳазор нафарро ба хиёбонҳо бароварда буданд, дар назди бинои парлумон хайма зада тарки қудрат кардани Пашинянро талаб доранд. Намояндаи ҳизби оппозитсионии “Арманистони шукуфо” дар парлумон Ивета Тоноят ба журналистон гуфт, ки гурӯҳҳои мухолифон ният доранд 26 феврал як ҷаласаи изтирории парлумонӣ барпо кунанд ва дар он вазъи сиёсии кишвар ба баррасӣ гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазген Манукян, номзади муштараки ҳизбҳои мухолифон ба мақоми нахуствазирӣ таҳдид кард, ки агар ҷаласаи изтирории парлумон барканории Пашинянро ҳал накунад, мухолифон эътирозҳои 24-соата барпо мекунанд.

Пашинян рӯзи 25 феврал хитоб ба издиҳом дар Ереван гуфт, ки низомиён бояд кори худро кунанд ва дар фикри дифои кишвар аз ҳамлаи хориҷӣ бошанд.

Номаи нирӯҳои мусаллаҳ замоне пахш шуд, ки Пашинян тасмим гирифт муовини раиси ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳро аз мақомаш барканор кунад. Баъди нома бо талаби истеъфои нахустазир, Пашинян раиси ситодро ҳам ба истеъфо фиристод.

Эътилофи “Иқдоми ман”-и Пашинян дар парлумон аксариятро ташкил медиҳад. Пашинян гуфтааст, ки талаби мухолифон барои қабули истеъфоро рад мекунад ва бар иваз ҳамаро ба машварати сиёсӣ даъват кард.

Ба таниши эҷодшуда дар Арманистон ҳамкорони берунаи Ереван вокуниш карданд. ИМА ва Русия дар аввалин вокунишашон ба таҳаввулоти Арманистон ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва худдорӣ аз хушунат даъват карданд.

XS
SM
MD
LG