Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Амрико ба ниманизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия


Вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал эълон кард, ки артиши ин кишвар ба мавқеи ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эрон дар шарқи Сурия ҳамла кардааст. Пентагон гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои мушакии ахир алайҳи маҳали ҷобаҷойии нерӯҳои амрикоӣ дар Ирбили Ироқ сурат гирифтааст.

Тақрибан 10 рӯз қабл ба маҳали ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар наздикиҳои Фурудгоҳи байналмилалии Ирбил се мушак партоб шуд. Дар ин ҳамла як паймонкори ғайринизомӣ кушта ва як низомии амрикоӣ низ захмӣ шуд.

Гурӯҳи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, бо такя ба манбаъҳои худ дар Сурия гузориш додааст, ки дар ин ҳамла 17 нафар ҷангҷӯи наздик ба Эрон кушта шудаанд. Мақомоти Сурия ва Эрон то кунун дар робита ба ин ҳамла ибрози назар накардаанд.

Ситоди фармондеҳии артиши Амрико дар "Твиттер"-и худ навишт, ба дастури президент Байден, нерӯҳои артиши Амрико ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи зерсохторҳои мавриди истифодаи гурӯҳҳои ниманизомии мавриди ҳукумати Эрон дар шарқи Сурия анҷом дод.

Ситоди фармондеҳии артиши Амрико дар идома гуфтааст, "ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои ахир алайҳи афроди Амрико ва эътилоф дар Ироқ ва таҳдидҳои давомдори алайҳи ин ҳайат сурат гирифт". Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки ин ҳамлаҳо боиси нобудии чандин пойгоҳ воқеъ дар нуқтаи назорати марзӣ шуд.

Лллойд Остин, Вазири дифои Амрико ҳам дар ин замина гуфтааст, мавзеъҳое, ки ҳадаф қарор дода шуд, аз сӯи ҳамон гурӯҳҳои ниманизомии шиа, ки ҳамлаҳо алайҳи амрикоҳо дар Ироқро анҷом доданд, истифода мешуд.

Вазорати умури хориҷии Эрон қаблан даст доштани ин кишвар дар ҳамлаҳои рӯзи 15-уми феврал дар Ирбилро рад карда буд.

Оқои Остин ҳамчунин гуфтааст, ки ӯ ба раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод кард то ин ҳамла сурат бигирад ва Ҷо Байден субҳи имруз (панҷшанбе) ба ин ҳамла мувофиқат кард.

Ҷон Карби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико ҳам дар баёнияе гуфтааст, ин амалиёт як паёми ошкор дорад -- раиси ҷумҳур Байден барои муҳофизат аз афроди амрикоӣ ва эътилоф, ба ин ҳамла мувофиқат кард.

XS
SM
MD
LG