Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ маҳбусони сиёсиро дар кони ангишт кор мефармояд


Яке аз конҳои ангишт дар Кореяи Шимолӣ.
Яке аз конҳои ангишт дар Кореяи Шимолӣ.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ аз меҳнати маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла кӯдакон, дар истихроҷи ангишт истифода мекунад. Ангишти истихроҷшуда ба хориҷ меравад ва бо даромад аз ин ҳисоб Пхенян барномаи рушди мушакиашро густариш медиҳад. Дар ин бора Эътилофи шаҳрвандӣ барои ҳуқуқи инсон дар Кореяи Шимолӣ хабар медиҳад. Ин эътилоф дар Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ таҳти унвони "Содироти ангишти хунолуд аз Кореяи Шимолӣ: даромади аҳромӣ, ки ҳукуматро сари по нигаҳ медорад" гузорише таҳия кардаанд. Дар ин гузориш шакли истифодаи меҳнати зиндониёни сиёсӣ тасвир шудааст.

Айни ҳол СММ хариду фурӯши ангиштро аз Кореяи Шимолӣ манъ кардааст. Манъи хариду фурӯши ангишти Кореяи Шимолӣ аз сӯи СММ ба хотири пешгирӣ аз сохти силоҳи қатли ом унвон шудааст. Бино ба баҳогузории СММ, дар маҷмуъ то 200 ҳазор маҳбуси сиёсӣ дар урдугоҳҳои меҳнати иҷбории Кореяи Шимолӣ нигаҳ дошта мешаванд. Маҳбусон бо шиканҷа, таҷовуз, меҳнати иҷборӣ, гуруснагӣ ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, гуфта шуда буд дар гузориши СММ дар соли 2014.

Бино ба гузориши дигари СММ, ки соли 2018 нашр шуд, Кореяи Шимолӣ тавонистааст, ки эмбаргои байналхалқиро давр занад ва аз ҳисоби содироти чанд навъи маҳсулот ба хориҷ дар соли 2017 қариб 200 миллион доллар даромад кардааст. Бархе аз маҳбусони сиёсӣ, ки ба хориҷ аз Кореяи Шимолӣ фирор карданд, нақл карда буданд, ки Кореяи Шимолӣ аз ҳисоби истифодаи меҳнати маҳбусони сиёсӣ дар соли 2016 8 миллион тонна ангишт истихроҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG