Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дод, ки мудири хабаргузории "Кабарлар"-и ин кишвар дастгир шудааст.
Пештар хабар дода буданд, ки кумита зидди мудири хабаргузорӣ бо банди "Тамаъҷӯӣ" тафтишотро оғоз кардааст.
"У. М. ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 84 ҳазор сом (ҳудуди 1000 доллар) дастгир карда шуд. Ӯ барои пок кардани видеое, ки дар он шикояткунанда ҳангоми ҷарима шудан барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба навор гирифта шуда буд, пул хостааст", - гуфтанд дар кумита.
Мудири хабаргузории "Кабарлар" Умут Мукамбетова аст.