Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон


22 феврал, Ереван
22 феврал, Ереван

Дар шаҳри Ереван ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян раҳпаймоӣ карданд. Эътирозҳои 22 феврал ҳам ба норизоияти сокинони маҳаллӣ аз шеваи ҳалли низои мусаллаҳона дар Қаробоғи Кӯҳӣ рабт мегирад, ки бо имзои созиши сулҳ бо Озарбойҷон ва тарки бархе қаламравҳои арманинишин кардани мардуми маҳаллӣ анҷомид. Эътирозгарон ба майдони Фаронсаи шаҳри Ереван рафта роҳҳои марказиро бастанд ва муваққатан ҳаракатро масдуд намуданд. Издиҳом базудӣ пароканда шуд, вале мухолифон гуфтанд, ки 23 феврал дубора ҷамъ мешаванд. Ба эътилофи мухолифон 16 ҳизб шомил шудааст ва онҳо мегӯянд, ки хостори канор рафтани Пашинян ва ба ҳукумати муваққатӣ интиқол додани қудрат мебошанд. Мухолифон мехоҳанд, ки номзади онҳо Вазген Манукян нахуствазири ҳукумати давраи гузор бишавад. Созиши моҳи ноябр миёни Пашинян ва президентони Озарбойҷону Русия – Илҳом Алиев ва Владимир Путин имзошуда ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ хотима бахшид. Ин кори нахуствазири Арманистон мояи норизоияти шадиди мардумаш шуд.

XS
SM
MD
LG