Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксина ба Тоҷикистон 12 миллион доллар медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, барои тақвияти соҳаи тандурстӣ ва пардохти кумакпулӣ ба афроди камбизоат дар Тоҷикистон 12 миллиону 570 ҳазор доллар грант ҷудо кардааст. Дафтари ин бонк дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми феврал бо нашри як изҳорот гуфт, ин маблағ бо мақсади минбаъд тақвият додани зарфияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19 харҷ мешавад.

Рӯзи 11-уми феврал Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 барои Тоҷикистон 8,63 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо карда буд. Дар моҳи апрели соли 2020 низ дар доираи лоиҳаи вокуниши фаврӣ ба бемории ҳамагир 11,3 миллион доллар ба Тоҷикистон дод.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, бо 12 миллиону 570 ҳазор доллар грант, ки акнун ба Тоҷикистон ҷудо шуд, 15 шифохона дар кишвар бо таҷҳизоти оксигендиҳанда таъмин мешавад ва ҳамчунон барои табобати беморони мубталои COVID-19, доруи дексаметазон ва дигар доруҳо харидорӣ хоҳад шуд. Бо ин пул ҳамчунин ваксинаҳои зидди бемории сурхак, баногӯшак ва гулафшон барои эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон, мехаридаанд.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ аз ин маблағ барои коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии пандемия, ба 70,000 хонаводаи осебпазир дар саросари Тоҷикистон кӯмакпулии якдафъаинаи фаврӣ пешниҳод мегардад. Кӯмакпулии якдафъаина тавассути барномаи Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, ки назорати иҷрои он бар дӯши Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст, пардохт мегардад.

Кумакҳои якдаъфаинаро, ки андозаи онро Тоҷикистон муайян кардааст 400 сомонӣ аст. Дар гузашта теъдоде аз табақаҳои камбизоат дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо вуҷуди ваъдаи мақомот барои тақсими ин пул ба онҳо, кумаке нагирифтаанд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ин кумаки ройгонро дастрас мекунанд, ки қашшоқ ҳастанд ва расман дар идораҳои ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG