Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 700 шаҳрванди Узбекистон ба Русия барои кор рафтанд


Фурудгоҳи шаҳри Тирмизи Узбекистон
Фурудгоҳи шаҳри Тирмизи Узбекистон

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ҳафтаи гузашта боз 762 шаҳрванди дигарро барои кор ба сохтмонҳои Русия сафарбар намуданд. Ҳамаи онҳо баъди сӯҳбат бо кордиҳандагон ба таври муташаккил интиқол дода шудаанд. Бахше аз онҳо дар сохтмонҳои вилояти Амур ва дигарҳо дар Санкт-Петербург кор хоҳанд кард. Фаъолияти муҳоҷирони корӣ бо риояи талаботи эпидемиологию беҳдоштӣ сурат хоҳад гирифт. Аз ин пеш муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александ Горовой гуфта буд, ки дар Маскав камбуди ҷидди нерӯи кории муҳоҷирон эҳсос мешавад ва бинобар ин, мақомот ба ҷалби шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон ба сохтмонҳо мепардозанд.

Вале то кунун як гурӯҳи беш аз саднафарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Иркутск фиристода шудаанд, ки ин хеле нокофӣ аст. Дар солҳои пеш аз пандемия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба кунҷу канори Русия барои кор мерафтанд ва дар риштаҳои сохтмону тиҷорат кор мекарданд. Баъди моҳи марти соли 2020 баста шудани марзҳои Русия, ин кишвар мегӯяд, бо андешаҳои санитарию тиббӣ феълан марзро пурра боз ва қабули муҳоҷирони кориро барқарор карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG