Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бархеҳо дар симои мо бомбаро мебинанд, вале ин дуруст нест"     


Сабинелла Аёзбоева ҳоло бо мубориза ба ақидаҳои ифротӣ машғул аст.

Занони бевамондаи қазоқ аз зиндагии даҳшатбори худ дар қаламравҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” нақл карданд.

Сабинелла Аёзбоева ҳоло хеле машғул аст. Ӯ ба танҳоӣ тарбияи 5 фарзандро ба дӯш дорад, ҳамзамон дар давраҳои равоншиносии донишгоҳ ширкат ва дар Маркази ҷавонони зодгоҳаш кор мекунад. Аммо бо ин ҳама ӯ вақту имкон ёфта, дар чорабиниҳои давлатии зидди гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ширкат мекунад ва аз хатари гурӯҳҳои терористӣ, ки бо истифода аз дину мазҳаб ҷавононро тариқи интернет ба сафи худ ҷалб мекашанд, нақл мекунад.

Сабинелла ҳамсари бевамондаи як ҷангҷӯи гуруҳи тундрави Давлати исломӣ аст. Ӯ яке аз 600 шаҳрванди Қазоқистон аст, ки соли 2019 аз урдугоҳҳои паноҳҷӯёни Сурия ба ватан баргардонида шуданд. Аёзбоеваи 31-сола, 5 сол дар Сурия зиндагӣ кардааст ва мегӯяд, дар ин муддат шоҳиди қатли бераҳмона ва "беадолатиҳои даҳшатнок" -и ДОИШ шуд. Мегӯяд, он ҷо ҳамеша бо тарс зиндагӣ мекарданд ва ҳар лаҳза “маргро дар рӯ ба рӯи худ медиданд”

Зимни суҳбатҳои худ дар расонаву чорабиниҳо Аёзбоева аз зиндагии даҳшатбори худ дар қаламрави зери назорати гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ нақл мекунад. Вай умедвор аст, ки таҷрибаи талхи зиндагии ӯ барои дигарон дарс мешавад ва дигар касе хатои онҳоро такрор намекунад.

Оғози бадбахтиҳо

Сабинелла аз зиндагии хонаводааш то рафтан ба қаламравҳои Давлати исломӣ ёд оварда мегӯяд, бо шавҳараш дар Қарағандаи Қазоқистон “зиндагии хушбахтона, тиҷорати муваффақ ва хона” доштанд. Ҳарду масҷид мерафтаанд ва зиндагии орому осуда доштанд. Аммо ба гуфтаи Сабинелла, ҳаёти осудаи хонаводаи ӯ баъди шиносоии шавҳараш бо гуруҳҳои “ғайримуқаррари”-и исломӣ дар интернет поён ёфт.

Соли 2014 шавҳараш тавонист, Аёзбоеваро барои рафтан ба Сурия ва зиндагӣ дар қаламравҳои зери назорати ДОИШ розӣ кунад. Ҳамин тавр зану шавҳар бо се фарзанди аз 1 то 6-сола Қазоқистонро тарк карданд. Ба хешовандон гуфтанд, барои истироҳати оилавӣ мераванд. Пас аз чанд ҳафта оилаи ҷавон ба шаҳри Раққа - маркази Хилофати худхонда расид ва дидани воқеияти дур аз интизороташон онҳоро ҳайратзада кард.

Шавҳари Сабинелла ба гуруҳи ҷангҷуёни хилофат пайваст ва чандин рӯз ба хона намеомад. Қариб ҳамарӯза он ҷо ҳамлаҳои ҳавои сурат мегирифт ва Аёзбоева бо фарзандону дигар сокинони онҷо барои наҷоти ҷони худ аз ҳамлаҳо дар таҳхонаи бино панаҳ мебурданд. Вай мегӯяд, ҳар лаҳза бо ин фикр зиндагӣ мекарданд, ки ‘’Оё навбати марги ман расидааст?’’

Сабинелла саҳнаҳои ваҳшатнокеро ба ёд меорад, ки бо чашми худ дидааст. Аз ҷумла, дидани "ҷасади занону кӯдакони бидуни дасту пой, ки пас аз ҳамлаҳои ҳавоӣ аз зери биноҳои вайрон берун оварда мешуданд." Бино ба нақли Сабинелла, бо дидани ин ҳама ӯ ва ҳамсараш мехостанд, Сурияро тарк кунанд, аммо дигар роҳи бозгашт ба хона надоштанд. Зеро медонистанд, ки ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ “ҳар касеро, ки мехост аз он ҷо фирор кунад” қатл мекарданд.

Сабинелла, дар Раққа то фавти шавҳараш ду тифли дигар ба дунё овард. Шавҳараш соли 2017 дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуд. Ӯ бо панҷ фарзанд зери итоати ҷангҷӯёни Давлати исломӣ монд. Он замон аллакай ин гурӯҳ дар баробари артиши Сурия ва нерӯҳои курд нуфузу мавқеи худро то ҷое аз даст дода буд.

“Соли 2018 дар минтақаи зери назорати ДОИШ гуруснагии шадид сар зад. Ба кӯдакон фаҳмондани он, ки чаро мо чизе намехӯрем ва надорем, бисёр мушкил буд. Ман аз алафу гиёҳҳо шӯрбо мепухтам.”

Билохира Аёзбоева бо фарзандонаш ба деҳаи Бағуз, охирин минтақае, ки ҳанӯз таҳти назорати ДОИШ қарор дошт, расиданд. Дар оғози соли 2019, чанде қабл аз шикасти ниҳоии ДОИШ дар ин минтақа, Аёзбоева тавонист, худро ба урдугоҳи паноҳҷӯён таҳти назорати курдҳо бирасонад. Ин як тағйироти ҷиддӣ ва гардиши нав дар зиндагии Сабинелла ва фарзандони ӯ буд.

Оғози зиндагии нав

Дар ин паноҳгоҳ мақомоти курд ба Аёзбоева хабар доданд, ки Қазоқистон барои бурдани шаҳрвандонаш ҳавопаймо мефиристад. Интизории ӯ барои бозгашт ба ватан дар урдугоҳ ҳамагӣ чанд ҳафта тӯл кашид.

Қазоқистон соли 2019 теъдоде аз шаҳрвандонашро аз Сурияву Ироқ баргардонд.
Қазоқистон соли 2019 теъдоде аз шаҳрвандонашро аз Сурияву Ироқ баргардонд.

“Хеле сард буд, вале мо он ҷо гурусна намемондем ва хатари ҳамлаву куштор ҳам он ҷо набуд. Аз сӯйи дигар мо медонистем, ки ин ҳама муваққатӣ аст ва мо ба наздикӣ ба хона бармегардем” мегӯяд, Сабинелла, зани қазоқе ки 5 сол дар Сурия, дар минтақае бо ҷангу хунрезӣ зиндагӣ кардааст. Ӯро билохира 6-уми майи соли 2019 ҳавопаймо бо гуруҳе аз занону кудакони дигар аз паноҳгоҳ ба ватан баргардонд. Аёзбоева ба ёд меорад, ки вақте дар фурудгоҳ зани қазоқе бо либоси низомӣ ба ӯ гуфт, “Биёед, ман кӯдаки шуморо бигирам, ҳолатон хуб нест, ба ташвиш афтод.

Ҳукумати Қазоқистон дар доираи амалиёти “Жусан” соли 2019 ҳамроҳ бо Сабинелла Аёзбоева тақрибан 600 шаҳрванди ин кишварро аз Ироқу Сурия ба ватан баргардонд. Дар чунин як амалиёти дигар, рӯзи 4-уми феврали имсол мақомоти Қазоқистон эълон карданд, ки боз 12 нафар – чаҳор мард, як зан ва ҳафт наврасро аз Сурия оварданд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 800 шаҳрванди Қазоқистон бо ҳадафи пайвастан ба гуруҳҳои даҳшатафкан, ба Сурия сафар кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, 31 мард ва 12 зан баъди бозгашт барои амалҳои терористӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Чанд нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Аёзбоева ва афроди дигари бозгашта як муддат дар маркази тавонбахшӣ дар шаҳри Оқтау нигаҳдорӣ шуданд. Бо онҳо дар ин ҷо равоншиносон ва табибон кор мебурданд. Баъдан ӯ дар як маркази дигар дар зодгоҳаш ба табобат фаро гирифта шуд, ҳамин тавр ба ӯ иҷоза доданд, ки ба зиндагии муқарарии худ баргардад.

“Қариб 2 моҳ ман фикр мекардам, ки ин ҳама як хоб ё орзу аст. Ман орзу мекардам, ки дар рахти нарму хонаи гарм бихобам” – мегӯяд вай.

Аёзбоева, дар хонаи қадимии худ дар Қарағанда ба зиндагии нав шурӯъ кард. Нахустин талошаш ба ҳаёти солиму осоишта баргардонидани фарзандонаш дар Қазоқистон буд. Вай умед дорад, ки ҷигарбандонаш билохира метавонанд ҳамаи даҳшатҳоеро, ки дар 5 соли зиндагии худ дар ҷанг дидаанд фаромӯш намекунанд ва ин ҳама ба ояндаи онҳо осеб намерасонад.

Ӯ дар ҳамсоягии волидони худ зиндагӣ мекунад ва талош дорад, бо хонаводаи шавҳараш низ равобитро нигаҳ дорад. «Муносибати ҷомеа бо ман маъмулан хуб аст. Масалан боре касе маро террорист нагуфтааст, вале бархе аз дӯстонам аз тамос бо ман метарсанд» - мегӯяд Сабинелла Аёзбоева.

Тарс аз хатари террористон дар дохил

Қазоқистон - як кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳудуди 18,5 миллион нафар, ки 70 дарсад мусалмонанд - аз хатари эҳтимолии террористони дохилӣ ҳарос дорад. Ҳукумати Қазоқистон ифротгароёни исломиро дар ҳамлаи хунини соли 2016 ба як қисми ҳарбӣ дар Оқтеппа айбдор кард. Мақомот гуфтанд, ҳамларо 20 исломгаро анҷом додаанд.

Аёзбоева талош дорад, то ҷомеаро бовар кунонад, ки афроде мисли ӯ, хатаре ба амният ва оромӣ надоранд. Ӯ мегӯяд: «Ман мефаҳмам, ки бархеҳо дар симои мо бомба ё таркишро мебинанд, вале ин нодуруст аст. Ман шоҳиди зиндаи даҳшатафканиҳо ҳастам. Ман беҳтар аз дигарон мефаҳмам, ки мо набояд ба ақидаҳои тундгароёна пайравӣ кунем».

Вай аз ҳукумати Қазоқистон барои додани шанси дубораи зиндагӣ дар озодӣ ва оромӣ ба ӯ миннатдор аст. Сабинелла бар ин бовар аст, ки ҳамаи кишварҳо бояд шаҳрвандони бандмондаи худро дар урдугоҳҳои Сурия ба ватан баргардонанд. Зимни сухаронӣ дар порлумони Аврупо ҳам соли 2019 ба ҳамин мавзуъ таъкид кард.

Ҳамоиши дигаре, ки бояд бо ширкат ва суханронии ӯ дар Шветсия баргузор мешуд, ба далели бемории ҳамагир сурат нагирифт, вале Сабинелла фаъолияти худро дар мулоқоту чорабиниҳои зидди гуруҳҳои терористӣ дар кишвар идома медиҳад.

Ба суолҳо дар бораи ақидаҳои динии худ Аёзбоева, посух медиҳад, ки ҳамоно як зани мусулмон аст ва ба масҷид мераваду сатр мепӯшад. "Ман аз имони худ дилсард нестам” мегӯяд ӯ ва таъкид мекунад, ки “дар тасмими нодуруст барои рафтан ба Сурия” динро гунаҳгор намедонад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG