Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қазоқистон баъди таркишу сухтор дар Петропавловск парванда боз кард


Бинои мақомоти адлияи Петропавловск. Акс аз бойгонӣ.
Бинои мақомоти адлияи Петропавловск. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии вилояти Қазоқистони Шимолӣ баъди таркиш ва сухтор дар бинои истиқоматие, ки боиси марги ду одам шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. "Барои муайян кардани сабабҳои таркиш ташхис гузаронида мешавад", - хабар додааст додситонӣ.

Таркиш рӯзи 21 феврал дар як бинои панҷтабақаӣ рух дода, боиси сухтор гардид. Ба эҳтимоли зиёд, манбаи таркиш балоги газ будааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ду кас фавтида, як каси дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ дар ин ҳодиса 16 кас зиён дидааст. 120 сокини бино ба ҷои амн кӯч дода шудаанд.

Дар як ҳафтаи охир ин севумин ҳодисаи таркишу сухтор дар Қазоқистон аст. Рӯзи 19 феврал дар шаҳри Жанатас дар натиҷаи сухтори манзиле панҷ фарзанди як оила фавтид. Як рӯз пеш аз ҳодисаи Жанатас дар Қизилорда як манзили дигар оташ гирифта, дар натиҷа кӯдаки ширхорае фавтид.

XS
SM
MD
LG