Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон силоҳи "Калашников" харидорӣ кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мудири кулли ширкати "Калашников" Дмитрий Тарасов хабар дод, ки Арманистон ва Қазоқистон силоҳҳои нави навъи "АК-12"-ро дастрас карданд. Ба гуфтаи ӯ, Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст.

"Теъдоди на он қадар зиёди силоҳи АК-12 ба Арманистон ва Қазоқистон интиқол дода шуд. Ҳоло Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст", - Тарасов дар намоишгоҳи низомии IDEX дар АМА.

Расонаҳо 20 феврал хабар доданд, ки силоҳҳои "Калашников"-и навъи АК-12 ва АК-15 ба бозори содиротӣ баромаданд.

Ширкати "Калашников" мегӯяд, ба автомати АК-12 ба хотири такмилсозии ҳадафгирӣ баъзе тағйиротҳо ворид карда шудааст.

XS
SM
MD
LG