Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се бомбгузорӣ дар Кобул 5 нафар ҷон додаанд


Таркиши рӯзи 20-уми феврал дар Кобул
Таркиши рӯзи 20-уми феврал дар Кобул

Дар натиҷаи чанд бомбгузорӣ дар пойтахти Афғонистон панҷ нафар кушта ва ду каси дигар маҷруҳ шудаанд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи пулиси шаҳри Кобул гуфт, ки ду мошине, ки ба онҳо бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ часпонидаанд, дар фосилаи 15 дақиқаӣ таркидаанд.

Мошини саввум, ки мошини пулис будааст, ду соат баъд таркидааст ва дар натиҷаи он ду сарбози афғон ва як роҳгузар ба ҳалокат расидаанд. Ҳеч гуруҳе масъулияти ҳамлаҳоро бар уҳда нагирифтааст ва мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳамлаҳоро таҳқиқ мекунанд.

Дар чанд моҳи гузашта истифода аз бомбҳои миқнотисӣ ва қатли шахсиятҳои шинохта бо истифода аз ҳамин бомбҳо зиёд шудааст. Дар ин ҳамлаҳо, хабарнигорону сиёсатмадорон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сиёсатмадорон ҷон доданд.

Бо мутаввақиф шудани гуфтугуҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои хотима додан ба ҷанг, ҷангу хунрезӣ дар гушаҳои гуногуни кишвар авҷ гирифтааст. Масъулияти баъзе аз ҳамлаҳоро гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифтааст ва айни замон ҳукумат баъзе аз ҳамлаҳоро кори дасти Толибон меномад.

XS
SM
MD
LG