Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар Русия лавҳаи ёдгории Борис Немтсов, мунтақиди Путинро нобуд кард


Бинобар гузориши расонаҳои маҳаллӣ пулиси Русия бори дигар лавҳаи ёдгориро дар маркази Маскав, макони қатли Борис Немтсов сиёсатмадори мухолиф барчида, ду тан аз фаъолон, ки ин лавҳаро посбонӣ мекарданд, боздошт намуд.

Григорий Симаков яке аз фаъолон, ки ин ҷоро посбонӣ мекард, дар суҳбат ба нашрияи “Новая газета” гуфтааст, пулис ёдгориро вайрон карда, ба ҷои он ду панҷараи оҳаниро гузошт. Ба гуфтаи Симаков кормандони пулис ду нафар аз посбонони ихтиёриро боздошт карда ба шӯъбаи пулис бурд, худи ӯ ва завҷаашро аз ин ҷо рондаанд. Ёдгории иборат аз дастагулҳо, аксҳо ва шамъҳо болои купруки калони руди Маскав – наздикии кохи Кремлин гузошта шуда буд. Дар ин ҷо тақрибан 6 сол қабл, рӯзи 27-уми феврали соли 2015 Борис Немтсов аз тири силоҳ ба қатл расонида шуд. Ҷонибдорони Немтсов ёдгории ӯро аз замони ба қатл расонида шудани ӯ нигоҳ медоранд, бо вуҷуди оне, ки кормандони пулис, роҳрӯбони ҳукумати шаҳр борҳо ин ёдгориро нобуд кардаанд. Як ихтиёрие, ки ин макони ёдгориро посбонӣ мекард пас лату кӯб дар болои пул ҷони худро аз даст дод.

Немтсов аз мунтақидони шадидлаҳни президент Владимир Путин буд. Панҷ нафар аз чечентаборонро дар қатли Немтсов гунаҳкор дониста зиндон карданд, аммо мунтақидон аз ҷумла ҳамкорон ва наздикони Немтсов мегӯянд, мақомот то ҳанӯз муайян накарданд, ки қатли ӯро кӣ фармоиш дода буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG