Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти туркман ошкоро президент Бердимуҳаммадовро танқид кард


Султон Очилова
Султон Очилова

Султон Очиловаи 71-сола, як журналисти туркман дар видеои камназире, ки дар YouTube нашр кард, раҳбари худкомаи Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои таъмин накардани аҳолии Ашқобод бо гармиву захираҳои об дар сардиҳои зимистони имсола интиқод кард.

Дар видеое, ки 18 феврал дар YouTube нашр шуд, Очилова, собиқ хабарнигори бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки дигари ҳеҷ гоҳ Бердимуҳаммадовро як шахси “боэътибор” нахоҳад номид, чунки “миллионҳо туркманҳо дигар аз муддатҳо пеш шуморо эҳтиром намекунанд”. Чунин интиқоди ошкоро аз президенте, ки аз соли 2006 ба ин сӯ бо панҷаи оҳаниаш ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро раҳбарӣ мекунад, хеле камсобиқа мебошад.

Очилова бо ишора ба чандин ҳунарнамоиҳои телевизионии Бердимуҳаммадов ва машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯ гуфт: “Шумо ҳамеша гуфтед, ки мақсади асосии шумо ин ғамхорӣ дар ҳақи мардум аст. Вале дар асл, шумо дар фикри чизҳое, мисли шунидани мадҳияҳои дигарон дар ҳақи шумо, аспдавонӣ, мошинронӣ, оббозӣ дар кӯл, моҳидорӣ ва таронасароӣ ҳастед”.

Очилова гуфт, дар чанд рӯзи гузашта чандин бор низоми гармидиҳӣ ба хонаи ӯ қатъ шуд ва инро ӯ бо таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ба фаъолиятҳои журналистии худ рабт дод. Моҳи гузашта Очилова барои гузоришҳояш аз Туркманистон яке аз се номзад ба ҷоизаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба номи Мартин Энналз гардид. Туркманистон яке аз кишварҳои саркӯбгари шадиди озодиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар навори видеоии худ Очилова мегӯяд, ки талоши ӯ барои ирсоли нома ба номи Бердимуҳаммадов дар дафтари марказии почтаи Ашқобод ҳеҷ гоҳ натиҷа надодааст. Мудирони почта ба ӯ гуфтанд, ки номаҳои ӯро бо сабаби мушкилот дар таҷҳизоташон қабул карда наметавонанд.

Ӯ гуфт, номаҳояшро махсус нобуд карданд. “Ин воқеиятҳои имрӯзаи кишвари мо аст”, гуфт Очилова.

Очилова инчунин Бердимуҳаммадовро барои он танқид кард, ки мардумро бо ғизои дуруст ва нархҳои дастрас таъмин накард, мардум бо нафақаву маоши ночиз зиндагӣ мекунанд ва бо пули худ ҳатто ба фурӯшгоҳ ё бозор рафта чизи дилхоҳ харида наметавонанд.

Ӯ гуфт, “ҳамватанони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, чандин бор бо талаби истеъфои шумо эътироз барпо карданд. Мо ҳам ба ин эътирозҳо ҳамроҳ мешавем ва истеъфои шуморо талаб мекунем. Ин талаб инчунин ба он хотир аст, ки шумо вазифаҳои худо иҷро карда наметавонед. Мо дар азобем ва шумо парвои моро надоред. Шумо фақат барои тахриби хонаҳои мову азият додани мардум қодир ҳастед”.

Очилова дар Ашқобод зиндагӣ мекунад ва барои вебсайти мустақили хабарии “Хроника Туркменистана”, ки дар Вена мустақар буда, дар бораи таҳаввулоти Туркманистон менависад, ҳамкорӣ мекунад. Мақомоти Туркманистон, ки ҳеҷ таҳаммули матбуоти озодро надоранд, дар гузашта чандин бор Очиловаро ҳадаф қарор додаанд. Шахсан худи ӯ ва хешовандонаш борҳо мавриди азияту озори полис қарор гирифтаанд.

Соли ҷорӣ ҷоизаи ба номи Мартин Энналз насиби ҳуқуқшиноси зиндонии чинӣ ва фаъоли ҳуқуқи инсон Ю Веншен гардид.

XS
SM
MD
LG