Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раимбек Матраимов дубора боздошт шуд


Раимбек Матраимов дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ.
Раимбек Матраимов дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Раимбек Матраимов бо гумони пулшӯӣ дастгир карда шуд. Қарор аст, додгоҳ дар давоми 48 соат масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро баррасӣ кунад.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop зикр шудааст. Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.

Худи Матраимов гуноҳро ба гардан гирифта, гуфт, бо муфаттишон ихтиёрӣ ҳамкорӣ кардааст. Матраимовро гӯиё барои он танҳо 260 ҳазор сом ҷарима карданд, ки пештар ба давлати Қирғизистон 23,6 миллион доллар ҷуброни зарар аз фасодкорияшро пардохтааст.

XS
SM
MD
LG