Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико созиши ҳастаии Эронро бо Фаронса, Олмон ва Бритониё баррасӣ мекунад


Энтони Блинкин, котиби давлатии ИМА
Энтони Блинкин, котиби давлатии ИМА

Дипломатҳои балнадпояи ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониёи Кабир рӯзи 18-уми феврал сарнавишти созиши ҳастаӣ бо Эронро, ки дар соли 2015 ба имзо расидааст, баррасӣ мекунанд. Бар пояи созиши соли 2015, ки Эрон бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҷамъи Олмон имзо кардааст, Теҳрон уҳдадор шуда буд, ғанигардонии уранро коҳиш диҳад ва дар муқобил кишварҳои абарқудрат таҳрими ҷумҳурии исломиро аз байн мебаранд.

Дар соли 2018 Вошингтон аз ин созиш берун шуд. Он замон президенти ИМА Доналд Трамп аз созиш берун шуда, таҳрими ҷумҳурии исломиро барқарор кард. Ба қавли Трамп ин созиш аз тавлиди силоҳи ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ намекунад. Эрон борҳо гуфтааст, ки дар фикри тавлиди силоҳи ҳастаӣ нест ва барномаи ҳастии Теҳрон ҳадафҳои комилан осоишта доранд. Баъди беруншавии ИМА аз созиш, Теҳрон хилофи бандҳои паймон амал кард. Қарор аст, вазири умури хориҷаи Олмон Ҳейко Маас ва вазири корҳои хориҷии Бритониёи Кабир Доминик Рааб бо вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан Ив Ле Дриан барои гуфтугӯ дар Порис ҷамъ оянд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкин тавассути хати видео ба онҳо суҳбат мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG