Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Назарбоев муассиси як ширкати оффшорӣ номида шуд


Кайрат Сотиболдиулӣ.
Кайрат Сотиболдиулӣ.

Шаҳрванди Қазоқистон Кайрат Сотиболдиулӣ ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида шудааст, ки 24 дарсади саҳмияҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком"-ро дар даст дорад.

Ному насаб ва соли таваллуди муассиси ширкати мазкури оффшорӣ бо маълумоти шахсии ҷияни президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рост меояд.

"Қазоқтелеком", ки як ширкати монополист дар бозори алоқаи Қазоқистон маҳсуб мешавад, пештар гуфта буд, яке аз моликонаш ширкати люксембургӣ ҳаст, вале муассисони онро ошкор намекард. Маълумот дар бораи Сотиболдиулӣ​ низ баъди он ошкор шуд, ки Люксембург моликони ширкатҳои сабтиномшуда дар ин кишвари аврупоиро расонаӣ кард.

Люксембург дар давоми чандин сол маълумот дар бораи ширкатҳои оффшориеро, ки дар ин кишвар сабтином шудаанд, ифшо намекард. Вале Иттиҳоди Аврупо се сол пеш дар доираи мубориза бо пулшӯӣ кишварҳоро вазифадор кард, ки маълумотро ошкор кунанд.

Сотиболдиулӣ пештар дар бораи робитааш бо "Skyline Investment Company S.A" чизе нагуфта буд.

Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиулиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва номи онро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид кард.

XS
SM
MD
LG