Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" гуфт, рӯзҳои наздик лимити барқ пурра хотима меёбад


Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки аз рӯзи душанбеи 15-уми феврал ба сокинони деҳот як соат бештар барқ дода мешавад. Мирзо Исмоилзода, раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзҳои наздик дар бораи пурра бартараф шудани лимити барқрасонӣ хабар медиҳанд.

Дар Тоҷикистон сар аз 5-уми январи имсол расман лимити барқ ҷорӣ карданд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад. Интиқоли барқро дар деҳот аз соати 23 то 6-и субҳ қатъ мекунанд.

"Барқи тоҷик" дар муроҷиати худ гуфта буд, "бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр поин аст".

Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр то 10-уми декабри 2020 ҳам бо маҳдудият барқ мегирифтанд, ҳарчанд мақомот расман мавҷудияти лимитро рад мекарданд. Ширкати “Барқи Тоҷик” дар аввал қатъи барқро ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ рабт дод, вале дар ниҳоят муовини сарвазир эътироф кард, ки мушкили асосӣ камии об дар обанборҳост.

Расонаҳо он замон навистанд, камии об ба он сабаб сар зад, ки имсол ба иллати садамаи обанбори Сардоба дар Узбекистон водор шуданд, маҷрои обро ба ин кишвар афзоиш диҳанд. Ҳарчанд ширкати "Барқи тоҷик" ин иттилоъро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG