Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ: Дар Тоҷикистон бекорӣ 5 баробар бештар аз омори расмӣ аст


Мардикорбозоре дар Тоҷикистон
Мардикорбозоре дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ бо истифода аз модели ҳисоби Созмони ҷаҳонии кор, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро 10,9 дарсад ҳисоб кардааст. Ин панҷ маротиба бештар аз омори расмии ифшокардаи мақомоти тоҷик мебошад. Бинобар рақамҳои расмии Оҷонсии омор сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон дар соли 2020 - 2,1 дарсад будааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, шумори бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, наздики 52 ҳазор нафар мебошанд. Тақрибан нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аммо ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, шумори бекорон дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор нафар мебошад. Омори расмии бекорӣ дар Тоҷикистон то кунун ҳам шубҳаи иқтисоддонҳо ва таҳлилгарони мустақилро ба бор меовард. Чун мизони расмии бекорӣ дар Тоҷикистон назар ба иқтисодҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Аврупо, ба маротиб камтар аст. Корафтодагон дар Тоҷикистон мегӯянд, кӯмакпулии давлат барои бекорон ночиз аст ва бар замми ин барои соҳиб шудан ба он аз чанд идора маълумотнома талаб мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз сокинон барои расман бекор эътироф шудани худ ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат намекунанд.

XS
SM
MD
LG