Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нисбати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон - раиси "Агроинвестбонк", парванда боз кардааст. Парда Алимардонов феълан дар боздошт қарор дорад.
Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Парда Алимардонов, аз "Агроинвестбонк" 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро "ғайримақсаднок" истифода бурдааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ӯ чигуна ин маблағҳоро "ғайримақсаднок" харҷ кардааст.
Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, Алимардонов қисме аз маблағҳоро баргардонистааст ва дар сурати пурра баргардонидани қарзи бонк, имкон дорад парванда дар нисбаташ қатъ шавад.
Нисбати ӯ бо моддаи 246, қисми 3, банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон", парванда боз шудааст. Тафтишоти ин парвандаро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пеш мебарад.
Назари наздикони Парда Алимардонов дар нисбати ин гуфтаҳои масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳанӯз дастрас нест. Ва маълум нест, ки онҳо ба ин гуфтаҳои ниҳоди мубориза зидди фасод розӣ ҳастанд ё не.
Парда Алимардонов, раиси корпоратсияи "Баракат" мебошад. Ин ширкат солҳо боз дар шаҳри Ҳисор дар бахши кишоварзию чорводорӣ фаъолият мебарад.
Баъзе огоҳони низоми бонкӣ гуфтанд, истифодаи "ғайримақсаднок"-и маблағ аз сӯи Парда Алимардонов ба ин маъност, ки ӯ қарзи бонкро тавре харҷ намудааст, ки ба санадҳои бонкӣ мувофиқат намекунад.
"Яъне ҳангоми гирифтани қарз дар санадҳои бонкӣ расман хуҷҷатгузорӣ мекунанд, ки маблағро дар бахше ё коре сарф мекунанд, лекин баъди гирифтани пул дар асл тамоман ба дигар кор истифода мебаранд, ки ин зидди дастурамали Бонки миллӣ аст",-афзуд Аслам Шарипов, шореҳи масоли бонкӣ.
Тибқи иттилои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар баробари ширкати "Баракат" масъулини ширкатҳои "Хима", "Холдинги ганҷ", "Хуҷанд инвест котон" ва “Котон текстайл" низ дар истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои қарзии "Агроинвестбонк" даст доранд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар истифодаи нодуруст ва ё ғайримақсадноки маблағҳои бонкӣ аз сӯи муштариён, раҳбарону масъулони бонк низ бояд посух диҳанд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дахолати ҳукумату мансабдорон ба кори бонкҳо низ боиси пайдо шудани чунин мушкилиҳо мешавад.
"Стандартҳои ҷаҳонӣ дар мавриди сатҳи донишу касбияти кормандони бонк, ки бояд дониш ва таҷрибаи хуб дошта бошанд, мутаассифона дар мо иҷро намегарданд. Баъдан ба фаъолияти бонкҳо аз берун фишор овардан лозим нест. Аз бонкҳо талаб кардан ки дар ин ё он ҷо бино созед, ин худаш кори ғайриқонунӣ аст, муносибати ҳукумат ва мансабдорон дар нисбати бонкҳо бояд бар асоси қонун сурат гирад",-афзуд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфтанд, дар робита ба қазияи Парда Алимардонов ва масъулони ширкатҳои дигар худи Муродалӣ Алимардон бозпурсӣ нашудааст, вале нисбати Фаррух Холмуродов, сардори яке аз раёсатҳои "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк" ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардон дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.
"Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад. Мақомоти ин бонк дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.
Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.
Худованд ба падару модари азиз сабри чамил дихад, чойи мархумро Чаннат гардонад. Ба ин кор муаллимонро гунахкор хисобидан танхо аблахист. Гунахкори асосиро бояд тибки конун чазо дихем. Ба чойи салла калла оварданро як суй бояд гузорем. Конун дар тамоми дунё волоият дорад. Дигаронро, яъне шахсони бегунохро (муаллимону падару модару хамсоягон ва гайраро) гунахкор кардан ба фоидаи чинояткорону кормандони макомоти хифзи хукук аст!!!
Сиесати пешгирифтаи давлати Точикистон нодуруст аст ,ин корхо исбот ,хама медонад ки Точикистон аз як шахрвандаш дифоъ накардаст масалан Каромат Шарипов барин одамхо ,баракс тавонову шеронро ба хок яксон карданд ,кариб мухофиз намонд ,ки гунахкор аст ,сустии мо ба хама айен аст, фикр мекунам аз ин бадтар нашавад
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.